Home ХАБАР ДАВРИ ФАКУЛТЕТИИ ОЛИМПИАДАИ ДОНИШҶӮЁН ОҒОЗ ГАРДИД

ДАВРИ ФАКУЛТЕТИИ ОЛИМПИАДАИ ДОНИШҶӮЁН ОҒОЗ ГАРДИД

by admin
146 views
Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи аҳолии кишвар, бахусус наврасону ҷавонон дар сартосари мамлакат як қатор озмунҳо ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ба роҳ монда шудаанд.
Имрӯз дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ даври факултавии олимпиадаи фаннӣ аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, ки ҳадаф аз баргузории он дарёфти чеҳраҳои лаёқатманду донандаи хуби забон ва адабиёт мебошанд, гузаронида шуд.
Дар олимпиада Самариддинова Зайнаб, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, сардори Раёсати илм ва инноватсия, Холиқова Зайналбӣ, дотсент, мудири кафедраи адабиёти тоҷик, Холова Ғалатӣ, мутахассиси Раёсати илм ва инноватсия ва ҳайати донишҷӯён иштирок намуданд. Олимпиада бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, такмили захираи луғавӣ, миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар доир мегардад.
Дар озмун зиёда аз 28 нафар донишҷӯ ширкат намуда, 13 нафарашон ба даври донишгоҳӣ роҳ ёфтанд.

Related Articles

Leave a Comment