Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ АСОСГУЗОРИ МАКТАБИ ХЕШТАНШИНОСӢ

АСОСГУЗОРИ МАКТАБИ ХЕШТАНШИНОСӢ

by admin
19 views
(Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Иқдомҳои арзишманди роҳбари муаззами давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари роҳандозӣ намудани ташаббусҳои бузурги сатҳи ҷаҳонӣ дар масъалаи аҳамияти об ва беҳдошти он, мубориза ба муқобили терроризм ва эктремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухадир ва нашъаҷалобӣ, ҳифзи муҳити зист инчунин дар пиёдасозии ормонҳои миллӣ, билхосса, арҷгузорӣ ба анъанаҳои неки ниёкон, расму оинҳои миллӣ, ҷашнҳои суннатии мардуми форсу тоҷик, ҷашну маросимҳои бостонӣ сарзамини ориё, ки аз таърихи куҳан доштаи миллати тоҷик гувоҳӣ медиҳанд, беназиранд.
Ифтихороти мо бо роҳбари муаззами давлату миллат боз аз он манша мегирад, ки маҳз бо ташаббуси бевоситаи он кас на танҳо расму оинҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ эҳё гардиданд, балки дар баробари ин ҷашнҳои куҳнабунёд, ки моли муштараки мардуми ориёитабор буда, таърихи он ба давраҳои қадим рафта мерасад, бо шукуҳу ҳашамати хосса қайд карда мешаванд.
Дар сатҳи ҷаҳонӣ пешниҳоду таҷлили ҷашнҳои миллӣ аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада маҳз бо кӯшишу талош ва ташаббусҳои бевоситаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардиданд.
Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз дар давраи роҳбарии сарвари мамлакат ба маркази тамаддун ва фарҳанги сарзамини ориёи куҳан табдил ёфт.
Ҳамоиши байналмилалие, ки бо номи «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз» дар шаҳри Душанбе чанд сол қабл баргузор гардидабуд, бозгӯйи гуфтаҳои болост.
Дар ин ҳамоиш, ки баргузидатарин чеҳраҳои фарҳангии мардуми форстабори тамоми ҷаҳон ширкат доштанд, бо арзу сипосу эҳтиром Пешвои азизи мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бузургтарин чеҳраи фарҳангӣ, эҳёгар ва ҳомии ҷашнҳои суннатии сарзамини Эрони бостон номидаанд. Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, ба он кас ба хотири арҷгузорӣ ба суннатҳои мардумии форстабор ҳазорон бор ташаккур гуфта, Тоҷикистонро ватани тамаддуни форстаборони дунё, Душанберо хонаи ормонҳо номидаанд. Ҳатто, Ҳ. Содиқӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бузургтарин ташаббускори тарғиби фарҳанги ниёкон номида, қайд намуд, ки ин шахсият бо туфайли хизматҳои арзишмандаш Тоҷикистонро ба дунёи равшан ва мутамаддин раҳнамун сохт.
Ҳомон Абрамиён раиси «Бунёди Куруши Бузург» аз Австралия аз нақши фарҳанг дар тамаддуни мардуми форсу тоҷик сухан ронда, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро бузургтарин ташаббускор ва фарҳангсолори кунунии мардумони ориёитабор номида, қайд намуд, ки «Дар ин сарзамин ҷашнҳои фарҳангӣ вуҷуд дошт ва баъди боронҳои таърихӣ Эмомалӣ Раҳмон онро зинда намуд. Агар хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон набуд, дар байни бодҳои таърихӣ (шояд ин фарҳанг нишона аз тамаддуни ориё) нобуд мешуд. Дар фарҷоми сухани худ таклиф намуд, ки «Бунёди Куруши Бузург» ба Душанбе кӯчонида шавад».
Шидо Анушервонӣ намояндаи форстаборони ИМА қайд намуд, ки «Шумо хушбахтед, ки чунин раиси бофарҳанг доред. Ӯ фарҳанги Эрони бостонро зинда кард. Ман чунин шахсияти ба оянда хушбин, хушрафтор, хушҳол ва фарҳангиро дар умрам кам дидаам».
Масъуди Миршоҳӣ Душанберо ормоншаҳри дунё номид.
Шоири бузурги эронитабор Масъуди Сипанд ёдовар шуд, ки «Эмомалӣ Раҳмон инсони хирадгаро, суҳлдӯст, некдил ва хайрхоҳ аст. Банда шеъри «Ман ориёиям»-ро барои Тоҷикистон гуфтаам».
Хонандаи гиромӣ, худ қазоват кун, ки ин гуфтаҳо чӣ маъно доранд. Яъне, зиндакунанда ва эҳёгари тамаддуни ориё, ки ҳудуди он дар Тоҷикистону Афғонистон ва Эрон маҳдуд нашуда, фаротар аз он — ағлаби мамолики дунёро фаро мегирад, ба хизматҳои шоёни мардуми фарҳангдӯсти миллати тоҷик ва роҳбари дурандешу хирадманди он Эмомалӣ Раҳмон равона шудааст.
Ҳар шахсе ки аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон ба меҳмонӣ меояд, нигоҳу андешаи ӯ нисбат ба ин сарзамини биҳиштосо тамоман дигар мешавад. Онҳо дар симои Тоҷикистони навин як мамлакати обод, хуррам, шукуфо, аз нигоҳи маданияти шаҳрдорӣ пешрафта ва меҳмоннавозро мебинанд. Махсусан, Пойтахти он шаҳри Душанбе аз дигар пойтахтҳои давлатҳои мутараққии дунё аз қабили гулгашту хиёбону марказҳои маданию фароғатӣ ва хизматрасониҳо камӣ надорад.
Ман ба боварии комил гуфта метавонам, ки Тоҷикистони азизи мо дар оянда ба яке аз кишварҳои мутараққӣ ва пешрафтаи дунё табдил меёбад. Барои амалишавии ин гуфтаҳо дар ҷаҳони босуръат тағйирёбии ҳаводиси олам, бархӯрду омезиши тамаддунҳо, махлутшавии забону фарҳангҳо моро лозим меояд, ки дар атрофии роҳбари муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, аз ҳуввияти миллӣ, расму оинҳо, анъанаҳои неки гузаштагон, асолати забонамон, сиёсати сулҳдӯстона ва фарҳангпарваронаи сарвари давлатамон пуштибонӣ намуда, тамоми кӯшишу ғайрати худро барои пешравии Тоҷикистони азиз равона намоем.
Тоиров Шермуҳамаммад, саромӯзгорӣ кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment