Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ПАРЧАМ- НАХУСТРАМЗЕ АЗ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН

ПАРЧАМ- НАХУСТРАМЗЕ АЗ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН

by admin
95 views
(ба ифтихори 30-юмин солгарди Рӯзи Парчами давлатӣ)
Парчам ё ливо дар тамоми давраҳои таърихӣ барои халқу миллатҳо чун рамзи давлатдорӣ қабул гардида, нишони ҳуввияту муттаҳидии ҳамон халқу ҷомеа пазируфта гардидааст. Аз ин лиҳоз, арҷгузорӣ ба парчам дар давраҳои гуногуни давлатдории халқу миллатҳои сайёра ба тарзу усулҳои хос сурат гирифтааст. Ин нукта ҳам равшан аст, ки шакли парчамҳо дар робита ба тағйирёбии сохти давлатдорӣ дигаргун шуда, унсуру аломат ва рангу тарҳи онҳо бо талаботи давру замон мутобиқ гардонида мешуданд.
Бо шиносоӣ аз натиҷаҳои таҳқиқоти мутахассисони соҳа дармеёбем, ки дар тӯли 4 ҳазор соли маълуми таърихӣ парчамҳои аввалин дар Бобулу Миср ва Чин пайдо шудаанд. Қавмҳои ориёӣ бори нахуст дирафши давлатиеро ба вуҷуд оварда буданд, ки ба нишонаҳои имрӯза монанд буданд.
Пажӯҳишҳо дар ин самт ва далелҳои таърихии собитгардида исбот менамоянд, ки маҳз “Парчам” аз қадимулайём яке аз рамзҳои давлатдории тоҷикон ба шумор меравад.
Барои миллати тоҷик ва халқи азизи мо сарманшаи ифтихор ва шарафмандии бузург аст, ки бо мақсади арҷ гузоштан ба Рӯзи Парчами давлатӣ, шурӯъ аз соли 2009, 24 ноябр ҳамасола дар кишвари маҳбубамон чун иди миллӣ таҷлил мегардад. Таҷлил ва арҷгузорӣ ба ин санаи таърихӣ бар он бастагӣ дорад, ки расо 30 сол пеш, рӯзи 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми тақдирсози миллат, ки дар кохи Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардида буд, дар қатори интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нишон, Парчами давлатӣ низ қабул гардид.
Дар робита ба гиромидошт ва арҷгузорӣ ба парчам ва рамзи ҳуввияту давлатдории миллӣ ва ифтихорманд будан аз арзиш додан ба ин санаи муҳимму таърихӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ иброз менамоянд: «Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо, хусусан ҷавонон, ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парфишонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад».
Маҳз аз самимияти бепоёни Сарвари хирадманду оқил ба муқаддасоти давлатист, ки бо ташаббусу иқдомоти созандаашон дар ватани азизи мо 30 августи соли 2011, баъд аз ду соли эълон гардидани Рӯзи Парчам, дар маркази шаҳри Душанбе парчами бузурге парафшон гардид, ки баландтарин манораи ливои пуршарафи озодиву соҳибистиқлоли Тоҷикистон 165 — метрро ташкил мекунад ва мутобиқи маълумоти мутахассисон дар ҷаҳон баъди Парчами 175 метраи Аморати Муттаҳидаи Араб баландтарин буда, дар ҷойи дуюм қарор мегирад. Дарозии матои рангинкамони он ба 60 метр ва паҳноияш ба 30 метр баробар буда, ба китоби Рекордҳои Гиннес дохил карда шудааст.
Бояд гуфт, ки Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи нави таърихӣ на танҳо таҳкурсии давлатдории навинро гузошт, балки дар таърихи 24 ноябри соли 1992 рамзҳои асосии давлати куҳанбунёду тозаистиқлоли тоҷиконро қабул намуд.
Қабул гардидани Парчами давлатӣ ва ба таври муҳташам бунёд намудани он орзуи таърихии аҷдодони гузаштаи бузурги мо ва ҳазорон фарди меҳанпарастро зиндаву ҷовидона кард ва умеди фардои дурахшонро дар қалби насли ҷавон боровартару фурӯзонтар гардонид.
Аз ин ҷост, ки мардуми шариф ва куҳанбунёди мо Парчами давлатиро ифодакунандаи иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номуси ватандорӣ ва ҳувияти миллӣ дониста, мақсаду мароми неки худро дар ҷилои рангҳои он инъикос намудаанд
.
Бинобар ин, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ бояд дар қалби ҳар фарди бо нангу номус маъво дошта бошад. Зеро ҷилваи Парчами миллӣ ҳамчун рамзи озодиву сарфарозӣ моро ба сӯи фардои дурахшон ва касби дастовардҳои бузург раҳнамун месозад.
Хурсандибахш аст, ки имрӯз мардуми шарафманди тољик зери парчами худ, бо дастгирӣ аз сиёсати бунёдкоронаву созандаи роҳбари оқилу тавоно- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иродаи матин ва азми қавӣ роҳи бунёди давлати демократӣ ва бунёдкориву созандагиро пеша кардааст. Бо итминон гуфта метавонем, ки мо ҳама дар якљоягӣ бо ҳам Ватани азизи худро боз ҳам ободу зебо месозем, ҳамчун афроди ватандӯст аз Парчами миллии худ ифтихор менамоем, эҳтироми онро чун рамзи давлату давлатдорӣ ва озодиву истиқлоли Тоҷикистони азиз ба ҷо меорем, қадру манзалат ва эътибори онро ба наслҳои имрӯзу оянда талқин менамоем.
Дар интиҳои матлаб, тамоми мардуми сарбаланди Тоҷикистони азизро ба ифтихори таҷлили Рӯзи парчами миллӣ табрику шодбош гуфта, таманнои онро дорам, ки дар фазои Тоҷикистони азизамон сулҳу оромӣ ва ҳамдигарфаҳмиву ҳамбастагии мардуми азизам ба мисли Парчами миллӣ парафшон бошад!
МУҲАММАДҶОНИ АБДУВОҲИД- муаллими калони кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикии ДДК, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб

Related Articles

Leave a Comment