Home ХАБАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ БА НОМИ АБУАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ БО АССАМБЛЕЯИ БАЙНИПАРЛУМОНИИ ИДМ ВА МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ СОЗИШНОМАҲОИ ҲАМКОРӢ БА ИМЗО РАСОНИД

ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ БА НОМИ АБУАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ БО АССАМБЛЕЯИ БАЙНИПАРЛУМОНИИ ИДМ ВА МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ СОЗИШНОМАҲОИ ҲАМКОРӢ БА ИМЗО РАСОНИД

by admin
160 views
Дар ҳошияи сафари корӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ҷиҳати ширкат дар ҷаласаи Комиссия оид ба масъалаҳои ҳуқуқии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои узви ИДМ ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абубабдуллоҳи Рӯдакӣ, ҳамзамон, Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек бо Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Донишгоҳи давлатии педагогии ба номи А.И. Гертсен ва Донишгоҳи давлатии гидрометеорологии Федератсияи Россия созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
Ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ Раҳмон Д.С. ва Котиби генералии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ Дмитрий Кобитский зимни имзои Созишнома таъкид намуданд, ки санади мазкур шаклҳои гуногуни ҳамкориҳои байни муассисаҳо, аз ҷумла иштирок дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, баҳодиҳии экспертии онҳо, гузаронидани конфронсҳои муштараки илмӣ-амалӣ, симпозиуму семинарҳо, татбиқи лоиҳаҳои илмии муштаракро пешбинӣ мекунад.
Дмитрий Кобитский оид ба аҳамияти рушди ҳамкориҳо бо иттиҳодияҳои илмӣ ибрози андеша карда, қайд намуд, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб сеюмин муассисаи таҳсилоти олии Тоҷикистон аст, ки бо Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ созишнома ба имзо мерасонад: «Фаъолияти мо ба тавсеаи ҳамкориҳо бо ҷомеаи коршиносон дар фазои ИДМ роҳандозӣ мешавад. Аз ин рӯ, ба имзо расидани Созишномаи имрӯза барои ҳар ду ҷониб ҷолиб ва муфид хоҳад буд».
Зимни суҳбат ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ Раҳмон Д.С. оид ба рушди самтҳои мухталифи фаъолияти донишгоҳ равшанӣ андохта, қайд намуданд, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар соҳаҳои маориф, фарҳанг, шарқшиносӣ дорои иқтидори вижаи илмӣ буда, олимони донишгоҳ метавонанд дар самти таҳияи қонунҳо, ки аз ҷониби Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ амалӣ мегардад, мусоидати созгор намояд.
Ҳамзамон, аз ҷониби Раҳмон Д.С. намунаи гулдӯзии суннатии тоҷик – чакан, ки маҳсули парки технологии Донишгоҳ мебошад, муаррифӣ ва ба Котиби генералии Шурои мазкур Дмитрий Кобитский тақдим карда шуд.
Дмитрий Кобитский ба муваффақияту дастовардҳои Донишгоҳ ва кори таълиму тарбия баҳои баланд дода, дар фаъолияти илмӣ ва ширкати коллективи Донишгоҳ дар рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар фазои ИДМ комёбиҳо таманно намуд.
Дар маросими ба имзо расонидани Созишнома муовини Котиби генералии Шурои БП ИДМ, Намояндаи ваколатдори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар АБП ИДМ Бахтовар Сафарзода ва муовини директори Котиботи Шурои АБП ИДМ Иван Мушкет низ иштирок доштанд.
Созишномаи ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ ва Донишгоҳи давлатии педагогии ба номи А.И. Гертсени Федератсия Россия дар толори Мариини бинои асосии ДДПР аз ҷониби ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ профессор Раҳмон Д. С. ва ректори ДДПР ба номи А.И. Гертсен Сергей Тарасов ба имзо расонида шуд.
Дар маросими бастани созишнома нахуст сардори раёсати ҳамкориҳои байниминтақавӣ дар соҳаи маорифи ДДПР ба номи А.И. Гертсен Елена Спасская оид ба таърихи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб маълумоти мухтасар манзур намуд.
Сергей Тарасов оид ба ҳадафҳои ҳамкорӣ равшанӣ андохта, аз ҷумла қайд намуд: «Имрӯз мо бо ҳамкасбонам дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ намуда, бисёр мавзуъҳои ҷолиби ҳамкориро муайян кардем – пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисос, омода кардани омӯзгорони забони русӣ барои низоми маорифи Тоҷикистон. Мо аз ташаббуси шариконамон барои омода будан ба ҳамкориҳои доманадору судманд сипосгузорем».
Ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ, профессор Раҳмон Д. С. аз масири таърихии рушди Донишгоҳ ва зарфияти кунунии он ёдовар шуда, аз ҷумла таъкид доштанд: «Дар оғози таъсисёбӣ Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳамагӣ се факултет дошт, ки дар он 68 донишҷӯ таҳсил мекарданд. Ҳоло шумораи донишҷӯён ба беш аз 10 ҳазор нафар мерасад. Умедворем, ки Созишномаи ба имзо расонидашуда ба инкишофи иқтидори илмию техникӣ ва мустаҳкам гардидани равобити дуҷониба дар самти илму маориф мусоидат хоҳад кард».
Ректори Донишгоҳ Раҳмон Д.С., ҳамзамон, барои рушди ҳамкориҳои минбаъда барору комёбӣ таманно намуда, ба роҳбатияти ДДПР ба номи А.И. Гертсен барои пазироии самимона изҳори миннатдорӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ – намунаҳои нақшу нигори суннатии шарқӣ ва тоқии чакан, ки истеҳсоли парки технологии Донишгоҳ мебошанд, тақдим карданд.
Созишномаи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии гидрометеорологии Россия низ барои дурнамои рушди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ, махсусан бо назардошти «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон шудани солҳои 2020-2040, саривақтиву судманд арзёбӣ шуда, бо иштироки ректорони муассисаҳо Раҳмон Дилшод Сафарбек ва Михеев Валерий Леонидович ба имзо расонида шуд.
Дар маросими ба расмият даровардани Созишномаи ҳамкорӣ таъкид шуд, ки он ба ҳамкории мутақобила дар роҳандозӣ ва нигоҳдории равобити дуҷониба миёни донишгоҳҳо тавассути татбиқи лоиҳаҳои муштарак, табодули мутахассисон, олимон, омӯзгорон, донишҷӯён, гузаронидани конфронсҳои муштарак мусоидат хоҳад кард.
Қобили зикр аст, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар доираи лоиҳаҳои байналмилалӣ ва Созишномаҳои тарафайн ҳамкории густурдаро бо беш аз 85 муассисаи таҳсилоти олӣ ва миёна хориҷи кишвар роҳандозӣ намуда, баргузории ҳамоишҳои муштараки илмӣ, табодули академии омӯзгорону донишҷӯён дар самти воридшавӣ ба фазои байналмилалии таҳсилоти олӣ, тақвияти иқтидори кадрӣ ва техникиии донишгоҳ муҳтавои асосии ин ҳамкориҳоро ташкил медиҳад.

Related Articles

Leave a Comment