Home ХАБАР ТАШРИФИ ДОНИШҶӮЁНИ АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА ДОНИШГОҲ

ТАШРИФИ ДОНИШҶӮЁНИ АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА ДОНИШГОҲ

by admin
27 views
Санаи 9-ноябри соли равон донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ташриф оварданд.
Меҳмононро сардори Раёсати таълим Мирзоев Қурбоналӣ ва сардори Маркази рушди касбият ва инноватсия Шарипов Анвар истиқбол гирифтанд. Баъди ворид шудан меҳмонон ба донишгоҳ аз Маркази фосилавӣ, лабараторияҳо, боғчаи “Ситора”-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва ҳамзамон зимни сафар донишҷӯён аз клуби мубоҳисавии муштарак (бо забони англисӣ)- назди Маркази рушди касбят ва инноватсияи донишгоҳ дидан намуда баҳои баланд доданд.
Бояд қайд дошт, ки мақсад аз ташрифи донишҷӯёни Академияи Идоракунии Давлатии Назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ намудани Маркази омӯзиши “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”, иштирок дар дарсҳои устодони соҳибтаҷриба ва баргузор намудани клуби мубоҳисавии муштарак (бо забони англисӣ) дар донишгоҳ мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки дар рафти сафари мазкур боздид намудан аз факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилаии донишгоҳ дар назар аст.

Related Articles

Leave a Comment