Home ХАБАР МИЗИ МУДАВВАР ДАР ФАКУЛТЕТИ ИҚТИСОД ВА ИДОРА

МИЗИ МУДАВВАР ДАР ФАКУЛТЕТИ ИҚТИСОД ВА ИДОРА

by admin
171 views
Конститутсия, ки тамоми қонунҳо аз он сарчашма мегирад барои пешрафт ва рушди давлат хизмат мекунад ва бахтномаи ҳар як миллат мебошад. Аз ин рӯ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан бахтномаи миллати тоҷик аст, зеро он Конститутсияи мукаммале ҳаст, ки ба қатори конститутсияҳои беҳтарини давлатҳои дунё аз ҷиҳати ҳифз ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дохил карда шудааст.
Роҷеъ ба ин мавзуъ имрӯз дар факултети иқтисо ва идораи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мизи мудаввар дар мавзуи “Конститутсия-бахтномаи миллат” баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Расулова Лутфия, ҷонишини декан оид ба тарбияи факултет Гулов Рустам, мудири кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ Ҳакимов Абдуразоқ, Кучаров Алихон, ассистенти кафедраи сиёсатшиносӣ ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Нахуст, декани факултет Расулова Лутфия суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд. Сипас, Кучаров Алихон, ассистенти кафедраи сиёсатшиносӣ дар мавзуи “Мафҳуми Конститутсия ва аҳамияти он дар рушди ҷомеа”, Саидшои Сафарбек, донишҷӯи соли сеюми факултет дар мавзуи “Сохтори конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Сайдалиева Гулафшон, донишҷӯи соли чоруми факултет дар мавзуи “Конститутсия — ҳамчун бахтномаи миллат” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Дар бахши музокирот атрофи мавзуи зикргардида донишҷӯён саволу ҷавоб карда, посухҳои мушахас гирифтанд.

Related Articles

Leave a Comment