Home ХАБАР МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ НОМЗАДИИ УНВОНҶӮЙ

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ НОМЗАДИИ УНВОНҶӮЙ

by admin
148 views
 Санаи 20 -сентбяр дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи диссертатсионии унвонҷӯйи кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳи Гулруи Суҳроб дар мавзуи “Ташаккули худшиносии миллии хонандагон дар ҷараёни таълими таърихи халқи тоҷик ва корҳои беруназдарсӣ” (роҳбари илмӣ, номзади илмҳои психологӣ, дотсент, шодравон Расулов Давлатмурод) ва унвонҷӯй кафедра Абдуллоҷони Амрохон дар мавзуи “Асосҳои педагогии тайёр кардани муаллимони тарбияи ҷисмонӣ ба тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ” (роҳбари илмӣ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедра Иброҳим Грез) баргузор гардид.
Дар муҳокима ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Рафиев Сафархон, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Иброҳим Грез, мудири кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳӣ, номзади илмҳои педагогӣ, Лоиқов Парвиз, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Давлатов Ниёзбӣ, мудири кафедраи физика ва методикаи таълими он, номзади илмҳои педагогӣ Усмонова Парвина ва дигар омӯзгорон иштирок намуданд.
Дар рафти муҳокима ҳамчун муқарризони холис ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Рафиев Сафархон, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Иброҳим Грез, мудири кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳӣ, номзади илмҳои педагогӣ Лоиқов Парвиз баромад намуда, ҳусну қубҳи рисолаи илмиро арзёбӣ намуда, пешниҳоду тавсияҳои худро ироа намуданд.
Ҳамин тариқ, рисолаҳои номзадии Гулруи Суҳроб ва Абдуллоҷони Амрохон бо дарназардошти тавсияҳо анҷомёфта ҳисоб шуда барои муҳокимаи давраи навбатӣ тавсия карда шуд.
Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба унвонҷӯй ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, ба ӯ дар ҷодаи илму дониш мувафаққиятҳои нав ба навро орзу менамоянд.

Related Articles

Leave a Comment