Home ХАБАР 5-УМ МЕДАЛРО ҲАМ ГИРИФТЕМ!

5-УМ МЕДАЛРО ҲАМ ГИРИФТЕМ!

by admin
24 views
Дирӯз дар бинои Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ сардори раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Ҳафиззода Шодӣ Хуршед, ҳайати кормандони ин ниҳод, рӯзноманигорону блогерон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок доштанд.
Ҳадаф аз баргузории ин маҷлис муттаҳидӣ, ташвиқу тарғиби дастовардҳои Тоҷикистон, фаъол будан дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар набардҳои иттилоотӣ ва муборизаи идеологӣ бурдан бар зидди душманони миллат буд.
Нахуст, генерал-майори милитсия Ҳафиззода Шодӣ Хуршед суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки вазифаи рӯзноманигорон ва қишри фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, пеш аз ҳама ҳифзи манфиатҳои миллӣ ба шумор меравад.
Инчунин, Шералӣ Ризоён, таҳлилгар, Диловар Сафаров, блогер ва коргардон, Афшин Муқим, котиби матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, Зайнаб Ҳусейнова, рӯзноманигор, Шаҳноз Комилзода, рӯзноманигор ва дигарон суханронӣ намуданд. Баромадкунандагон пешниҳоду дархост ироа карданд. Баҳсу мунозира зиёд шуд.
Дар қисмати охир ба як қатор иштирокдорон медалу ифтихорнома ва дигар тӯҳфаҳои арзишманд тақдим карда шуд.
Бо фармоиши Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода банда бо медали «Барои ҳамкорӣ» сарфароз гардидам.
Бояд қайд намоям, ки иштирок дар набардҳои иттилоотӣ бар зидди душманони миллат, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва тарғибу ташвиқи сиёсати давлатӣ қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост ва мо ин корро ба хотири чизе намекунем.
Вақте масъулин кори моро қадрдонӣ кард, самимона сипос мегӯем! Мо омода ҳастем, ки дар дилхоҳ ҳолати зарурӣ барои ин ватану ин миллат сарбаландона хизмат намоем!

Related Articles

Leave a Comment