Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН

by admin
91 views
Санаи 27-уми октябр дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг маҳфили навбатии ҷамъияти илмии донишҷӯён дар мавзуи “Мақом ва рисолати омӯзгор дар ҷомеа» баргузор гардид.
Дар маҳфил сардори Маркази рушди касбият ва инноватсия Шарипов Анвар, ҷонишини декан оид ба тарбияи факултет Саодати Раҳмоналӣ, мутахассиси пешбар Иззатов Умедҷон, сардори ҷамъияти илмии донишҷӯёни донишгоҳ Бобоев Худобахш ва ҳайати донишҷӯён ширкат варзиданд.
Сараввал сардори Маркази рушди касбият ва инноватсия Шарипов Анвар суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшид.
Сипас, Гиёев Тоҳир, донишҷӯи курси 2-уми факултет дар мавзуи “Омилҳои рушди психологии шахсияти хонандагони синфҳои ибтидоӣ”, Саъдуллозода Амриддин, донишҷӯи курси 1-уми факултет дар мавзуи “Муаллими мактабӣ муосир”, Абураҳмонова Нигина, донишҷӯи курси 1-уми факултет дар мавзуи “Мақом ва рисолати омӯзгор дар ҷомеа” баромад намуданд.
Дар охир маҳфил ба саволу ҷавоб ва муҳокимаҳои омӯзгорону донишҷӯён ба анҷом расид.

Related Articles

Leave a Comment