Home ХАБАР ВОХӮРӢ БО ХАТМКУНАНДАГОНИ ЗИНАИ БАКАЛАВР

ВОХӮРӢ БО ХАТМКУНАНДАГОНИ ЗИНАИ БАКАЛАВР

by admin
109 views
 Бо ибтикори кафедраи молия ва қарз дар байни курсҳои чоруми факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари илмӣ-назариявӣ оид ба тарзи навиштани рисолаҳои хатм, риояи қоидаҳои он, тақсимоти мавзуҳои рисолаҳои хатм ва шиносои бо роҳбарони илмӣ доир гардид.
Дар рафти семинар фасилатор номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, мудири кафедраи молия ва қарз Комилов Низомиддин низомнома дар бораи рисолаҳои хатми донишҷӯёни дараҷаи бакалавр ва мутахассиси муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаҳмонида аз усулҳои муосири дарёфти маълумотҳо оиди таҳқиқоти илмӣ ба донишҷӯён маълумот дод.
Зимни баргузории семинар донишҷӯён ба фасилатор суолҳо дода посухҳои мушахас гирифтанд. Дар охири семинар роҳбарони онҳо шинос карда шуда ва ҳар як донишҷӯ ба унвонии мудири кафедра ариза оиди гирифтани мавзуи рисола ва ба роҳбари гирифтани устодони кафедра пешниҳод карданд

Related Articles

Leave a Comment