Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ ДАРСИ НАМУНАВӢ

БАРГУЗОРИИ ДАРСИ НАМУНАВӢ

by admin
80 views
 Санаи 25-уми октябр дар факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби саромӯзгори кафедраи таҳлили математикӣ ва назария функсияҳо, номзади илмҳои физика ва математика, дотсент Каримова Назокат дарси кушод дар мавзуи “Зарбкунандаи интегралӣ” дар гурӯҳи таълимии 303-304-и ихтисоси математика баргузор гардид.
Дар дарс декани факултет номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Давлатов Раҳмоналӣ, мудири кафедраи математика ва методикаи таълими он, номзади илмҳои педагогӣ Ниёзов Ҷонмуҳаммад, ассистенти кафедраи таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳо Ниёзов Шокир, ассистенти кафедраи таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳо Кулобиев Мирзо ва дигар омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Нахуст дарсро муаллима дотсент Каримова Назокат оғоз намуданд. Ҳангоми рафти дарс, ки назариявӣ буд, муаллима доир ба зарбкунандаи интегралӣ суханрони карданд. Баъдан донишҷӯён якчанд муодилаи интегралиро шарҳу тавзеҳ намуданд.
Инчунин, ҳангоми дарс муаллима ба донишҷӯён саволҳо дода, донишҷӯён ба суолҳои додаи муаллима посухҳои мушаххас гардониданд.
Дар охир декани факултет, дотсент Давлатов Раҳмоналӣ суханронӣ намуда, дарси муаллимаро хуб баҳогузорӣ намуданд.

Related Articles

Leave a Comment