Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА ҶАШНИ МЕҲРГОН

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА ҶАШНИ МЕҲРГОН

by admin
82 views
Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати оини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст.
Бахшида ба ин ҷашни аҷдодӣ имрӯз дар факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мизи мудаввар дар мавзуи “Меҳргон ҷашни кишоварзон” баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар декани факултет, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Зулфиев Гадомад, Холматов Баҳром, сардори Раёсати тарбия, мудири кафедраи мудофиаи гражданӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ, генерали мустаъфӣ Азимов Раҷабалӣ, саромӯзгори кафедраи мазкур Сафаров Ширин, ҷонишини декан оид ба тарбияи факултет, Қурбонзода Некрӯз ва дигар омӯзгорону донишҷӯён ширкат доштанд.
Сараввал суханро дотсент Зулфиев Гадомад оғоз намуда зикр карданд: “Меҳргон яке аз ҷашнҳои миллии ниёгони ориёии мо мебошад, ки дар гузашта мардуми мо онро дар нимаи дуюми сол ҳамчун ҷашни шукӯҳманди ҳосилғундорӣ, бардоштани самараи меҳнати кишоварзон таҷлил мекарданд. Мо ¬ҷашни Меҳргонро баробари Наврӯзи хуҷастапай ҳамчун натиҷаи фаъолияти киштукори баҳории кишоварзон ва бардошти ҳосил аз Модар-Замин ба унвони намод ё рамз аз суннати дерини фарҳанги кишоварзии ориёӣ ҳар сол ҷашн мегирем”.
Сипас, Сафаров Ширин, саромӯзгори кафедраи мудофиаи гражданӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ дар мавзуи “Меҳргон ҷашни ниёгон” ва Рамазони Абдусалом, донишҷӯи курси дуюми факултет дар мавзуи “Меҳргон-ҷашни фаррухпай омад” баромад намуданд.
Дар охир мизи мудаввар бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи омӯзгорону донишҷӯён ба анҷом расид.

Related Articles

Leave a Comment