Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА ҶАШНИ МЕҲРГОН

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА ҶАШНИ МЕҲРГОН

by admin
94 views
Меҳргон дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодии мардуми форсизабон қарор дошта, аз замони дуродури таърих маншаъ мегирад. Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад. Ҷашни Меҳргон ҳамчун рамзи хуррамию ободӣ тандурустию шодкомӣ ва дурккнандаи зиштию нопокӣ, аҳамияти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дорад. Аз ин хотир имрӯз дар факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мизи мудаввар дар “Меҳргон ҳамчун ҷашни ниёгон” баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар ҷонишини декан оид ба тарбия Гулов Рустам, мудири кафедраи менеҷмен ва маркетинг Сафар Мунир, мудири кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ Ҳакимов Абдуразоқ, ассистенти кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ Абдуллозода Х ва дигар омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Сараввал ҷонишини декан оид ба тарбия Гулов Рустам суханрони намуда, қайд карданд: “Меҳргон тибқи андеша ва эътиқоди ниёгони мо дар рўзи аввали моҳи Меҳр ва оғози фасли тирамоҳ таҷлил карда мешудааст. Он дорои эътидоли кайҳонӣ буда, дар ин айём рўзу шаб баробар мешавад ва ба ин сабаб номи ин моҳро Меҳр гузоштаанд. Мувофиқи ойини гузашта­гонамон, дар рўзҳои ҷашни Меҳргон маросимҳои зиёде сурат мегирифтанд, зеро дар давраҳои бостон шуғли аксарияти одамон кишоварзӣ буд. Аз ин рӣ, пас аз ғунучини ҳосил барои баргузор кардани ҷашну шодӣ ва истироҳати кишоварзон замони муносиб будааст.”
Сипас, Абдуллозода Х, ассистенти кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ дар мавзуи “Меҳргон ва сарчашмаҳои таърихии пайдоиши он”, Ҳамидзода Моҳлиқоб, донишҷӯи курси дуюми факултет дар мавзуи “Меҳргон ҳамчун ҷашни қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёинажод”, Сулаймонова Д, донишҷӯи курси дуюми факултет дар мавзуи “Ҷашни Меҳргон аз нигоҳи “Шоҳномаи”- и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ” Талабзода М, донишҷӯи курси дуюми факултет дар мавзуи “Мафҳум ва моҳияти Меҳргон аз нигоҳи Авесто ” баромад намуданд.
Дар интиҳои мизи мудаввар омӯзгорону донишҷӯён атрофи Ҷашни Меҳргон суволу ҷавоб намуда, баҳсу мунозираҳо намуданд.

Related Articles

Leave a Comment