Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА ҶАШНИ МЕҲРГОН

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА ҶАШНИ МЕҲРГОН

by admin
98 views
  Воқеан, Меҳргон яке аз кӯҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Ҷашни Меҳргон таҷассумгари суннатҳои неки инсонӣ буда, файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро бо шукӯҳу шаҳомати хоса инъикос менамояд. Дар мавсими ҷамъоварии ҳосили меҳнати марди деҳқон фаро расидани иди Меҳргон басо рамзӣ буда, ҳамчун иди касбии кишоварзон ба ҳукми анъана даромадани таҷлили расмии ҷашнвораи мазкур далели он аст, ки миллати кӯҳанбунёди мо дар партави сиёсати Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш овардааст ва эҳёи онҳоро вазифаи бошарафи худ медонад.
Дар ин росто санаи 21-уми октябр дар факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мизи мудаввар дар мавзуи “Меҳргон — рамзи дӯстӣ ва меҳрубонӣ ” бахшида ба Рӯзи Меҳргон баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар декани факултет, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шарипова Одинамо, ҷонишини декан оид ба тарбия Иброҳими Аҳмадхон, сардори Раёсати тарбия Холматов Баҳром, мудири кафедраи забони муосири рус, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Асоева Комилахон, муаллими калони кафедраи забони муосири рус Сайдамирова Клара, муаллимаи калони кафедраи адабиёти хориҷӣ, раиси шурои занони факултет Ҳалимова Мавҷуда ва дигар омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Меҳргон кӯҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёнажод бо ин суханҳо декани факултет, дотсент Шарипова Одинамо суханронии худро оғоз намуда, зикр доштанд, ки меҳргон дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодии мардуми форсизабон қарор дошта, аз замони дуродури таърих маншаъ мегирад. Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад. Ба ҷашни Меҳргон истиқлол умри дубора бахшид. Таҷлили иди Меҳргон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми августи соли 2009 таҳти рақами 538, дар тамоми гӯшаю канори кишварамон бо шукӯҳу шаҳомат ба роҳ монда шудааст. Ба истиқболи ин рӯзи муборак пахтакорон, ғаллакорон, боғу токпарварон, чорводорон ва механизаторони меҳнатқарин бо ғайрати дучанд заҳмат кашида, баҳри пешрафти иқтисодиёти давлати тоҷикон саҳми арзанда мегузоранд. Рушду пешрафти ин соҳаи афзалиятноки хоҷагии халқ барои инкишофи ояндаи иқтисодиёти кишвар хеле муҳим аст ва чун таҳкурсии мустаҳкам хизмат мекунад.
Сипас, дар мизи мудаввар перомуни мавзуи “Эҳёи Меҳргон” маърӯза аз ҷониби муаллимаи калони кафедраи адабиёти хориҷӣ, раиси шурои занони факултет Ҳалимова Мавҷуда ироа гардид.
Дар охир аз ҷониби донишҷӯёни факултет шеърҳо дар васфи тирамоҳ ва меҳргон манзури ҳозирин гардонида шуд.

Related Articles

Leave a Comment