
Дар муҳокима доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҷумъахон Алимӣ, сардори раёсати илм ва инноватсия Самариддинова Зайнаб, сардори маркази рушди касбият ва инноватсия Қурбонова Умеда, номзади илмҳои педагогӣ, дотсен Лоиқов Парвиз, мудири бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон Бобоев Бахтовар ва дигар омӯзгорон иштирок намуданд.

Ҳамин тариқ, рисолаи номзадии унвонҷӯй Шарипов Раҳмоналӣ бо дарназардошти тавсияҳо анҷомёфта ҳисоб шуда барои муҳокимаи давраи навбатӣ тавсия карда шуд.
Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба унвонҷӯй ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, ба ӯ дар ҷодаи илму дониш мувафаққиятҳои нав ба навро орзу менамоянд.