Home ХАБАР МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ НОМЗАДИИ УНВОНҶӮЙ

МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ НОМЗАДИИ УНВОНҶӮЙ

by admin
94 views
 Имрӯз дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи диссертатсионии унвонҷӯй кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Шарипов Раҳмоналӣ дар мавзуи “Хусусиятҳои рушди фарҳанги интернетии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии (коллеҷҳои) Ҷумҳурии Тоҷикистон” (роҳбари илмӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон Ҷумъахон Алимӣ) баргузор гардид.
Дар муҳокима доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҷумъахон Алимӣ, сардори раёсати илм ва инноватсия Самариддинова Зайнаб, сардори маркази рушди касбият ва инноватсия Қурбонова Умеда, номзади илмҳои педагогӣ, дотсен Лоиқов Парвиз, мудири бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон Бобоев Бахтовар ва дигар омӯзгорон иштирок намуданд.
Дар рафти муҳокима ҳамчун муқарризони холис сардори маркази рушди касбият ва инноватсия Қурбонова Умеда баромад намуда, ҳусну қубҳи рисолаи илмиро арзёбӣ намуда, пешниҳоду тавсияҳои худро ироа намуданд.
Ҳамин тариқ, рисолаи номзадии унвонҷӯй Шарипов Раҳмоналӣ бо дарназардошти тавсияҳо анҷомёфта ҳисоб шуда барои муҳокимаи давраи навбатӣ тавсия карда шуд.
Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба унвонҷӯй ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, ба ӯ дар ҷодаи илму дониш мувафаққиятҳои нав ба навро орзу менамоянд.

Related Articles

Leave a Comment