Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ МОДАРЕ, КИ ФАРЗАНДАШРО БА ХИЗМАТИ ВАТАН БУРД

МОДАРЕ, КИ ФАРЗАНДАШРО БА ХИЗМАТИ ВАТАН БУРД

by admin
304 views
Шоир Ғафор Мирзо мегӯяд:
Дил ба ғами Ватан фигор ман накунам, кӣ мекунад?
Ҷон ба раҳи Ватан нисор ман накунам, кӣ мекунад?
Воқеан ҳам, Ватан яке аз муқаддасот барои ҳар нафар ба шумор меравад. Мегӯянд, ки қадри ватанро бояд мо аз курдҳо бипурсем, ки онҳо зиёда аз 30 миллион нафар дар дунё ҳастанд, аммо ватан надоранд. Қадри амният ва сулҳу суботро аз афғонҳо бояд бипурсем, зеро зиёда аз 43 сол аст, ки дар ин сарзамини ориё ҷангу хунрезӣ вуҷуд дорад.
Айни ҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ идома дорад ва аз 1-уми октябр он шурӯъ шуд. Дар суҳбати мо модаре қарор дорад, ки ҳамагӣ чанд рӯз пеш фарзандаш Мунтасирро барои адои хизмати Ватан-Модар гусел кард. Муаллима Гулчеҳра Муродова, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошад.
Нахуст пурсиданием, ки ба кадом хотир фарзандатонро Мунтассир ном гузоштед?
— 1-уми октябри соли 2022 фарзандам Шамсов Мунтассир, хатмкунандаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо хоҳиши худаш барои қарзи ҷавонмардии худ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардид. Ҳар як инсон бояд ба номаш муносиб бошад ва бобояш ҳам Шамсов Нуриддин ба ҳамин хотир номашро Мунтассир гузошт, ки Мунтассир Абӯиброҳими Исмоили Мунтассир охирин намояндаи сулолаи Сомониён буд ва мо низ хостем, ки ҳамин фарзанди ман бо ҳамин номаш арзанда бошад ва имрӯз бо хоҳиши худаш ба сафи артиш рафт.
Бояд қайд кард, ки рӯзе, ки мо дар сафарбаркунӣ будем, як лаҳзаи бисёр хуберо дидам. Нисбат ба солҳои пешин чун як намояндаи ҳукумат ҳам гуфтанд, дар он ҷо теъдоди наваскарон зиёда аз 70 нафар буданд ва ҳама бо як рӯҳи болида ва бо хурсандӣ раҳсипор мешуданд. Волидайнам ҳам бо як боварӣ фарзандонашонро ба сафи Қувваҳои Мусалаҳ гусел мекарданд. Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароит барои афсарону аскарони ҳарбимон мунтазам беҳтар шуда истодааст ва боиси ифтихор ва қаноатмандист, ки имрӯз дар фазои сулҳу субот ва осмони мусафои кишварамон ҷавонмардон барои хизмат омода мебошад.
Вақте фарзандатон чунин иқдомро пеша кард, аввалин ҳарфҳое, ки дар ин масъала гуфт, чӣ буданд?
— Вақте, ки муноқишаҳои марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба вуҷуд омад, ин баҳси ҳар як хонадон буд ва вақте мо баҳсу мунозира мекардем, ҳамон ҷо таъкид кард, ки ман ба марз меравам ва ватанро ҳимоя мекунам. Баъдан ман гуфтам, ки ту аввал хизмати Модар-Ватанро адо намо, пас, омода шав, мактаби мардонагиро гузар, баъд ватанро ҳимоя намо.
Бояд қайд кард, ки сол то сол ҷавонони мо барои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ ва расидан ба армонҳои миллӣ зиёд шуда истодааст ва имрӯз теъдоди наваскароне, ки бо хоҳиши худашон ба сафи мактаби мардонагӣ сафарбар мегарданд, хеле зиёданд. Имрӯз ҷавонони мо дарк кардаанд, ки ояндаи давлату миллат аз онҳо вобаста аст.
Модар бисёр як шахси ҳалиму меҳрубон ва бораҳм аст. Ҳангоме ки фарзандатонро гусел кардед, гиря кардед?
— Аллбата, вақте пештар рафта ариза навишта буд, камтар нороҳат шудам, парешон ҳам будам, лекин баъдан рӯз то рӯз итминонам комил шуд, бовариям зиёд шуд, чунки имрӯз медонам, ки шароитҳо хуб ҳастанд, нағз ҳастанд ва ба фарзанди худам боварӣ доштам. Рости гап як ҳисси ифтихормандӣ дар вуҷудам буд, зеро мо занон, бахусус зиёиён, кормандон, хизматчиёни давлатӣ бояд аввалин шуда фарзандони худамонро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сафарбар намояем, то намунаи ибрати дигарон шавем.
Имрӯз бо ифтихор мегӯям, ки ман тарбиятгари насли наврасам ва пас аз он ки фарзандамро ба хизмати Модар-Ватан равон кардам, бо ифтихор насли наврасро даъват ба сафи артиш карда метавонам, чунки фарзанди ман дар он ҷо хизмат мекунад. Ман фикр мекунам, ки на танҳо фарзанди ман, балки фарзандони зиёди миллати тоҷик ҳисси баланди масъулят мекунанд, ки ҳифзи ватан ин қарзи ҷавонмардист, ҳимояи марзу бум мояи ифтихору шараф аст. Ман ҳамчун Зан-Модар барои ин рисолати мардонагии худро иҷро кардан ба ҳамаи онҳо ҳушёрию зиракии сиёсӣ, матонату мардонагӣ ва пеш аз ҳама саломатӣ таманно дорам.
Пеш аз гусели фарзандатон ба ӯ чӣ насиҳатҳо кардед?
Аллбата, имрӯз ҷавонони мо дар шароити бениҳоят хуб зиндагӣ мекунанд, тарбия меёбанд. Ман насиҳат кардам, ки новобаста аз душвориҳо, новобаста аз камбудиҳо ту бояд хизмат кунӣ, дар ягон ҷо заҳмату машақатҳои кашидаи худро нагӯӣ, ин айб аст. Худаш ҳам гуфт, ки модар, ман пас аз баргаштан мард мешавам. Дар ҳақиқат, мо ҳам насиҳат кардем, ки бо ҳама ҳамсафонат дӯсту рафиқ бош, бародар бош, супоришҳоро сари вақт иҷро кун, зеро ин қарзи ту ҳаст, оинномаҳоро вайрон накун, ҳамаи супорише, ки аз тарафи роҳбарият дода мешавад, сарбаландона иҷро кун!
Чунон ки гуфтем, ватан барои ҳар як инсон муқадас ва азиз аст ва устод Алимуҳаммад Муродӣ дар як шеъраш мазмунан чунин мегӯяд, ки вақте ватанро мо ба модар тавъам медонем, ин хуб аст. Модар агар бемор шавад, шахси бономус, яъне фарзанди бономус ҳеҷ гоҳ ӯро танҳо намегузорад. Агар бар сари ватан ҳам ягон мушкилӣ омад, фарзанди бономуси он ватанро танҳо намегузорад. Барои ҳифзу амнияти ин ватан камари ҳиммат мебандем. Муноқишаҳои марзӣ моро бори дигар водор сохт, вазифадор сохт, то боз ҳам бештар дар рӯҳияи ватандӯстӣ насли наврасро тарбия кунем.
Муаллима Муродова Гулчеҳра аз зумраи зиёиёне ҳаст, ки фарзандашро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамроҳ кард.
Муаллима, дар қисмати охир чӣ гуфтании дигар доред?
Аввалан миннатдории худро ба ҳамаи он ҷавонмардоне, ки ватани моро ҳифз мекунанд, хоби осудаи моро таъмин мекунанд, аз самими қалб, аз номи тамоми занону модарон баён мекунам. Гуфтанӣ ҳастам, ки мо низ дар сафи шумо ҳастем, дар қатори шумо ҳастем ва кӯшиш мекунем, талош меварзем, ки фарзандони бонангу бономуси миллатро тарбия намоем. Аз ҳамаи волидайни муҳтарам бахусус занон, ҷавонон хоҳиш мекунам, ки имрӯз вақти он расидааст, ки барои ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд, барои зиндагии арзандаю шоиста мо бояд ватани худро ҳифз намоем.
Сипосгузорам, муаллимаи гиромӣ!
— Саломат бошед!
Ҷаҳонгиршоҳ РУСТАМШОҲ, сармуҳаррири рӯзномаи “Анвори дониш”

Related Articles

Leave a Comment