Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ

by admin
72 views
 Имрӯз дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Маърифати молиявӣ” дар мавзуи “Вазъи кунунии сармоягузорӣ дар вилояти Хатлон” баргузор гардид.
Дар маҳфил ҷонишини декан оид ба таълим Давлатов Гулаҳмад, роҳбари маҳфил, ассистенти кафедраи молия ва қарз Ҳаёев Қиёмиддин, муаллими калони кафедраи молия ва қарз Раҳматов Умед, ассистенти кафедра Шарипов Назрулло ва гурӯҳи донишҷӯён ширкат варзиданд.
Нахуст суханро роҳбари маҳфил Ҳаёев Қиёмиддин оғоз намуданд. Баъдан ҷонишини декан оид ба таълим Давлатов Гулаҳмад суханронӣ намуда, қайд карданд: “Хатлон яке аз вилоятҳои калонтарини Тоҷикистон буда, дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат нақши калидӣ мебозад. Тавре ки маълум аст, яке аз роҳҳои ҳавасмандгардонии ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ, воридоти технологияи муосир, ташкили ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли маҳсулоти баландсифат ва рушди заминаи содирот – ин таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба шумор меравад. Минтақаҳои озоди иқтисодӣ яке аз шаклҳои самараноки ҳамкориҳои байналмилалии иқтисодӣ дар кишварҳои тараққикарда ва рӯ ба тараққӣ ба шумор рафта, имконият медиҳанд, ки минтақаи алоҳида дар натиҷаи ҷалби сармояи хориҷӣ ва технологияи муосир рушди босуръат намояд”.
Сипас Назокати Шамсиддин, донишҷӯи курси 3-уми факултет дар мавзуи “Вазъи кунунии сармоягузорӣ дар вилояти Хатлон” баромад намуд.
Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва муҳокимаҳои омӯзгорону донишҷӯён ба охир расид.

Related Articles

Leave a Comment