Home ХАБАР БАРНОМАИ ТАЪЛИМ ВА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2020-2030

БАРНОМАИ ТАЪЛИМ ВА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2020-2030

by admin
1582 views
Тибқи муқаррароти Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф карда шудааст. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Яке аз хусусиятҳои хоси давлати ҳуқуқбунёд мавҷудияти сатҳи баланди фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад. Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, тавассути фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, шаҳрвандон ва ҷалби воситаҳои ахбори омма амали мегардад.
Аз ин хотир имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинар машварати Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020- 2030 баргузор гардид.
Дар семинар ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон Валиев Зайниддин, ёрдамчии калони прокурори шаҳри Кӯлоб Рауфзода Сабзаалӣ, ҳуқуқшиноси дастгоҳи мақомоти шаҳри Кӯлоб Гулмадов Амирҷон, ноиби ректор оид ба таълим, дотсент Холиқзода Айниддин, ноиби ректор оид ба тарбия, дотсент Назаров Ҳотам ва дигар омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Сараввал ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон Валиев Зайниддин баромад карда, чунин ибрози назар намуд: “Таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати ҳуқуқии давлат буда, дар робита бо тарбияи сиёсӣ, ахлоқӣ, меҳнатӣ, эстетикӣ ва намудҳои дигари тарбияи инсон бояд анҷом дода шавад. Тарбияи ҳуқуқи бо дар назар доштани арзишҳои ахлоқӣ, фарҳанги миллӣ, мероси таърихӣ, одату арзишҳои миллӣ ба амал бароварда мешавад. Дар ин раванд, диққати махсус ба интихоби мушаххаси гуруҳҳои аҳолӣ, ки бо сабаби дар сатҳи паст будани маърифат ва шуури ҳуқуқӣ ё надоштани имконияти гирифтани иттилооти ҳуқуқӣ дар ҳолати осебпазир қарор доранд, бояд равона гардад”.
Дар охир аз ҷониби донишҷӯён саволҳо пешниҳод гардид, ки ба ҳамаи саволҳои иштироккунандагон посухҳои мушаххас гардонида шуд.

Related Articles

Leave a Comment