Home ХАБАР ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ОМӮЗГОР

ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ОМӮЗГОР

by admin
220 views
Муаллим касби пурифтихор, бошараф ва соҳибрисолат аст. Муаллим барои гулгулшукуфоии низоми ҷомеа, соҳибмаърифатии аҳли ҷомеа, соҳибтамаддунӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ хизмат мекунад. Муаллим бо ақл, бо хирад, бо таҳаммул муносибат мекунад. Бурдбор аст, сабур аст ва заҳмат ба харҷ медиҳад, то наслро ба камол расонад. Ин аст, ки имрӯз дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгор баргузор гардид.
Дар чорабинӣ ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Рафиев Сафархон, ноиби ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шарофат Худойдодова ва ҳайати профессорону омузгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ ширкат варзиданд.
Нахуст, ректори донишгоҳ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек суханронӣ намуда ҳозиронро бо ин ҷашни давлатӣ шодбош гуфта, қайд намуданд: “Омӯзгор он шахсияти бузург ва нотакрорест, ки бо чароғи ақл олами фикри моро равшан намуда, дунёи пурасрори илмро муррифӣ мекунад. Деҳқону муҳандис, духтуру шоир ҳама парвардаи оғӯши биҳиштосои муаллиманд. Тобиши зиндагӣ бори дигар собит месозад, ки давлати муаллим шогирдонаш мебошанд. Ӯ аз пешрафт комёбии эшон ифтихор мекунад. Хушбахтона, дар мушкилтарин даврони зиндагии мо омӯзгорон дар хидмати халқу ватан қарор доранд. Эҳтироми муаллим вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси ватан аст”.
Тибқи қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор омӯзгорони донишгоҳ барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои болаёқат ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо сипосномаҳо ва нишони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.
Дар қисмати фарҳангӣ гурӯҳи донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи донишгоҳ порчаҳои назмӣ дар васфи забон ва омӯзгор қироат намуданд. Инчунин, ҳунармандони Хонаи маданияти донишгоҳ бо роҳбарии Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Холов таронасароӣ карданд.

Related Articles

Leave a Comment