Home ХАБАР Х У Ш Х А Б А Р

Х У Ш Х А Б А Р

by admin
85 views
Санаи зо-юми сентябр саромӯзгори кафедраи равоншиносӣ, декани факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Давлатов Миралӣ Абдусамадович дар мавзуи «Шароитҳои педагогии ташаккули омодагии омӯзгорони ҷавони синфҳои ибтидоӣ ба муоширати педагогӣ», зери роҳбарии доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо ҳимояи рисолаи номзадиашро дар ҷаласаи Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-002 назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз рӯи ихтисоси 13.00.01- Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот (илмҳои педагогӣ), бомуваффақият дифоъ намуд. Ҳайати профессорон ва омӯзгорони донишгоҳ ӯро барои бомуваффақият ба итмом расонидани рисолаи номзадӣ табрик намуда, дар корҳои илмии минбаъдааш комёбиҳо таманно менамояд.

Related Articles

Leave a Comment