Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ- НАЗАРИЯВӢ

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ- НАЗАРИЯВӢ

by admin
70 views

Санаи 12.05.2023 дар кафедраи математика ва методикаи таълими факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Мавқеи дониш дар ҳаёти ҷамъияти инсонӣ. Чорабиниҳои давлат ва президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон баҳри ривоҷу равнақ додани системаи донишҳо дар мамлакат, дар шароити имрӯза» баргузор гардид.

Дар семинар доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ғуломов Ислом, декани факултет, номзади илмҳои педагогӣ Давлатов Раҳмоналӣ, мудири кафедраи методикаи таълими физика ва технологияи материалҳо Парвинаи Усмон, докторантон ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Нахуст декани факултет Давлатов Раҳмоналӣ суханронӣ намуда, оиди мавзуи баррасишаванда маълумот доданд.

Сипас доктори илмҳои педагогӣ, профессор Ғуломов Ислом дар мавзуи “Мавқеи дониш дар ҳаёти ҷамъияти инсонӣ. Чорабиниҳои давлат ва президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон баҳри ривоҷу равнақ додани системаи донишҳо дар мамлакат, дар шароити имрӯза” маърӯзаи худро ироа намуд.

Дар охир миёни омӯзгорону донишҷӯён мубодилаи афкор сурат гирифт.

Related Articles

Leave a Comment