Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН

by admin
107 views
Имрӯз дар факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии ҷамъияти илмии донишҷӯён баргузор гардид.
Дар маҳфил муовини декан оид ба тарбияии факултет Қурбонов Некрӯз, сардори ҷамъияти илмии донишҷӯёни донишгоҳ Бобоев Худобахш, котиби ҷамъияти илмии донишҷӯён Сироҷиддин Сафарзода ва ҳайати донишҷӯён ширкат варзиданд.
Нахуст, сухани ифтитоҳиро раиси ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултет Рамазон Абдусалом оғоз намуданд. Сипас, Қурбонзода Баҳрулло, донишҷӯй курси 3-юми факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ дар мавзуи “Мақсад ва омӯзиши фанни тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш”, Назаров Ҷумахон, донишҷӯй курси 3-юми факултет дар мавзуи “Тарбияи ҷисмонии тоҷикон дар ҷамоаи ибтидоӣ ва заволи он”, Нурова Шарофат, донишҷӯй курси 1-уми факултет дар мавзуи “Тарбияи ҷисмонии тоҷикон дар ҷомеаи ғуломдорӣ” баромад намуданд.
Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва баҳсу мунозираҳои устодону донишҷӯён хотима ёфт.

Related Articles

Leave a Comment