Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ КОНФРОНС ДАР ХОБГОҲ

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНС ДАР ХОБГОҲ

by admin
166 views
Санаи 3- уми сентябр дар хобгоҳи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби факултети филологияи рус конференсияи илмӣ — назариявӣ бахшида ба “Рӯзи забони давлатӣ” таҳти унвони “Забон — ҷони миллат” баргузор гардид.
Дар конфронс декани факултет, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шарипова Одинамо, ҷонишини декан оид ба тарбияи факултет Иброҳими Аҳмад, мудири кафедраи забони муосири рус, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Асоева Комилахон, муаллими калони кафедра, номзади илмҳои филологӣ Нурматова Зарина, муаллими калони кафедраи забони муосири рус Сайдамирова Клара ва дигар омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Нахуст, декани факултет, дотсент Шарипова Одинамо суханронӣ намуда, ҳозиринро бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ шодбош гуфта, зикр намуданд, ки “Миллат ҳамаи шукӯҳу шаҳомат, урфу одат, анъана, маърифату фарҳанг, ахлоқ ва тавоноии худро дар забони зиндаи худ муаррифӣ менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳо чандин маротиба таъкид намудаанд, ки гиромидошти забони модарӣ як рукни имон ва қарзи шаҳрвандии ҳар фарди соҳибватан аст. Зеро эҳтироми модар, эҳтироми Ватан , эҳтироми муқаддасоти миллӣ маҳсуб мегардад. Ҳамзамон, забони модарӣ дар ҳама давру замон чеҳра ва шинохти ҳар миллат буда, имрӯз низ дар муаррифии тамаддуну фарҳанг ва давлатдориямон омили муҳим дониста мешавад”.
Сипаc, Оминаи Шералӣ, донишҷӯй курси 1- уми факултет дар мавзуъ “Забон — ҷони миллат” баромад намуд. Инчунин аз тарафи донишҷӯёни факултет шеъру пандномаҳои бузургон манзури ҳозирин гардонида шуд.
Дар охир конфронс бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи омӯзгорону донишҷӯён ба анҷом расид.

Related Articles

Leave a Comment