Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЗИКА ВА МАТЕМАТИКА

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЗИКА ВА МАТЕМАТИКА

by admin
87 views
  Имрӯз дар факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии ҷамъияти илмии донишҷӯён дар мавзуи “Кайҳон макони ҳайратангез” баргузор гардид.
Дар маҳфил мудири кафедраи методикаи таълими физика, номзади илмҳои физика Парвинаи Усмон, ҷонишини декан оид ба таълим Нодиров Комил, сардори ҷамъияти илмии донишҷӯёни донишгоҳ Бобоев Худобахш, котиби ҷамъияти илмии донишҷӯён Назирмадова Миҷгона ва дигар омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Нахуст, суханро котиби ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултет Назирмадова Миҷгона оғоз намуданд. Сипас, Абдулҳадова Умеда, донишҷӯи курси 4-юми факултет дар мавзуи “Коинот — макони ҳайратангез”, Зебои Хайриддин, донишҷӯи курси 2-юми факултет дар мавзуи “Қишри замин” баромад намуданд.
Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи омӯзгорону донишҷӯён ба анҷом расид.

Related Articles

Leave a Comment