Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР ФАКУЛТЕТИ ИҚТИСОД ВА ИДОРА

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ДАР ФАКУЛТЕТИ ИҚТИСОД ВА ИДОРА

by admin
68 views
Санаи 4-уми октябр дар факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ мизи мудаввар дар мавзуи “Саноатикунонии босурати кишвар ҳамчун ҳадафи миллӣ ва роҳҳои расидан ба он” баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар мудири кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо Ҳакимов Абдуразоқ, сардори Маркази рушди касбият ва инноватсия Мирзоев Қурбоналӣ, ассистенти кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ Одинаев Иззатулло, ассистенти кафедра Назаров Муродалӣ ва дигар омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Нахуст мудири кафедра Ҳакимов Абдуразоқ суханронӣ намуд. Сипас, Одинаев Иззатулло, ассистенти кафедра дар мавзуи “Афзалиятҳои минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб ва нақши он дар саноатикунонии босурати мамлакат”, Назаров Муродалӣ, ассистенти кафедра дар мавзуи “Комплекси агросаноатӣ ва нақши он дар таъмини амнияти озуқаворӣ” баромад намуданд.
Дар охир мизи мудаввар бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи омӯзгорону донишҷӯён ба анҷом расид.

Related Articles

Leave a Comment