Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН

by admin
1080 views
Таърихи 3-юми октябр дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии ҷамъияти илмии донишҷӯён дар мавзуи “Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баргардонидани гурезаҳои иҷбории солҳои 90 – уми асри ХХ” баргузор гардид.
Дар маҳфил муовини декан оид ба тарбияи факултет Каримов Исроил, сардори Маркази рушди касбият ва инноватсияи донишгоҳ Мирзоев Қурбоналӣ, сардори Ҷамъияти илмии донишҷӯёни донишгоҳ Бобоев Худобахш, котиби Ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултет Ғаффоров Мурод ва ҳайати донишҷӯён ширкат варзиданд.
Нахуст, сардори Маркази рушди касбият ва инноватсияи донишгоҳ Мирзоев Қурбоналӣ суханронӣ намуда, ҳамагонро ба муносибати 5-уми октябр “Рӯзи забони давлатӣ” ва Рӯзи ҷаҳонии омӯзгор муборакбод намуданд. Сипас, Исломов Шермуҳаммад, донишҷӯи курси 2-юми факултети мазкур дар мавзуи “Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баргардонидани гурезаҳои иҷбории солҳои 90 – уми асри ХХ” ва Исломова Фарида, донишҷӯи курси дуюми факултет дар мавзуи “Ваҳдати миллӣ-муҳимтарин омили рушди ҷомеа” баромад намуданд.
Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва баҳсу мунозираҳои устодону донишҷӯён хотима ёфт.

Related Articles

Leave a Comment