Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИ ДАР ДОНИШГОҲ

БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИ ДАР ДОНИШГОҲ

by admin
205 views
Дар қаламрави кишвар чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ идома доранд. Ҳадафи чорабинӣ баланд бардоштани фарҳанги рафтор ва амнияти мардум дар ҳолати таҳдид ва ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ, мусоидат ба кори наҷотбахшон ва чораҳои паст кардани хатари офатҳои табиӣ мебошад.
Чунончӣ, 23-сентябри соли ҷорӣ дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ва факултети омодагии дифои ҳарбӣ чорабини бахшида ба Рӯзи “байналмилалии паст кардани хатари офатҳои табиӣ” дар мавзуи “Омӯзиши қойдаҳои бехатари ҳангоми заминларза» баргузор гардид.
Дар чорабини сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Сайдаҳмадов Бахтовар, декани факултети омодагии дифои ҳарбӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Зулфиев Гадомад, мудири кафедраи мудофиаи гражданӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ Азимов Раҷабалӣ, саромӯзгори кафедраи мудофиаи гражданӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ Абдуллоев Донёр, ҷонишини декан оид ба тарбияи факултети омодагии дифои ҳарбӣ Қурбонов Некрӯз ва дигар омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Нахуст сухани ифтитоҳиро сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Сайдаҳмадов Бахтовар оғоз намуданд. Сипас, бо роҳбарии саромӯзгори кафедраи мудофиаи гражданӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ Абдуллоев Донёр дарси кушод манзури ҳозирин гардонида шуд.
Дар охир чорабини бо саволу ҷавоб ва муҳокимаҳои омӯзгорону донишҷӯён ба анҷом расид.

Related Articles

Leave a Comment