Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР КАФЕДРАИ ЖУРНАЛИСТИКА

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР КАФЕДРАИ ЖУРНАЛИСТИКА

by admin
8 views
Имрӯз дар кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар семинар Алишери Абдулмаҷид, мудири кафедраи мазкур, Исмоилова Фарзона, саромӯзгор, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, Одинаева Марҳабо, саромӯзгор, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Сафарзода Манучеҳр, саромӯзгори кафедра ва ҳайати омӯзгорони кафедра иштирок доштанд.
Нахуст, Алишери Абдулмаҷид, дар мавзуи «Масъалагузорӣ дар очеркҳои Шодон Ҳаниф» ва Давлатова Муниса докторанти соли сеюми ихтисоси рӯзноманигорӣ дар мавзуи «Таърихи таъсис ва ташаккули васоити ахбори омма дар Кӯлоб (дар мисоли телевизиони Кӯлоб)” баромад намуданд. Баъди анҷоми маърузаҳо аз ҷониби омӯзгорон саволҳо пешниҳоди маърузачиëн гардид.

Related Articles

Leave a Comment