Home ХАБАР ОҒОЗИ ДАВРИ ОМӮЗИШӢ ДАР АВСТРИЯ

ОҒОЗИ ДАВРИ ОМӮЗИШӢ ДАР АВСТРИЯ

by admin
10 views
19-уми сентябр дар доираи лоиҳаи Фонди Аврупо, Эрасмус+ TRIGGER дар Донишгоҳи илмҳои татбиқии BFI шаҳри Венаи Австрия даври омӯзишӣ барои омӯзгорони МТОК-и шарики лоиҳа аз Осиёи Марказӣ шуруъ гардид.
Дар омӯзиши мазкур аъзои гурӯҳи кории лоиҳа, Сайдалиев Додарбек, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсенти кафедраи фалсафа, Худойдодова Шарофат, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи журналистика, Қурбонова Умеда, номзади илмҳои педагогӣ, муаллими калони кафедраи илмҳои компютерӣ, Ҳофизов Алишер сардори маркази бақайдгирӣ, тестӣ ва омори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ иштирок намуда, то 30 сентябри соли равон таҷрибаи донишгоҳҳои шарики лоиҳаро дар самти баланд бардоштани малакаҳои соҳибкорӣ ҷиҳати таҳияи дурнамои рушди МТОК, такмили нақша ва барномаҳои таълимӣ бо назардошти имкониятҳои иқтисодию техникӣ ва нерӯи кадрию зеҳнии донишгоҳҳо табодули таҷриба мекунанд.

Related Articles

Leave a Comment