Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ДОНИШҶӮЁН

by admin
178 views
Имрӯз дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби Маркази рушди касбият ва инноватсия маҳфили ҷамъияти илмии донишҷӯён дар мавзӯи «Мақому манзалати шоирону адибони давлатҳои Англия ва Олмон дар ҷаҳон » баргузор гардид.
Дар маҳфил сардори Маркази рушди касбият ва инноватсия Мирзоев Қурбоналӣ, мутахассиси раёсати илм 
ва инноватсия Саидова Нилуфар, мутахассиси пешбар, унвонҷӯи кафедраи сиёсатшиносӣ Изатов Умедҷон ва дигар омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд
Нахуст сухани ифтитоҳиро сардори Маркази рушди касбият ва инноватсия Мирзоев Қурбоналӣ, оғоз намуданд. Сипас, Одинаева Мавзуна, донишҷӯи курси 4-уми факултети филологияи хориҷӣ дар мавзуи “Ҳаёт, эҷодиёт ва саҳми нависандаи Ирланди дар ташаккули Британияи Кабир”, Муниса Зарипова, донишҷӯи курси 4-уми факултети филологияи хориҷӣ дар мавзуи “Саҳми Томас Стери Елион дар адабиёти модернизми Англия”, Бозорова Бибинур, донишҷӯи курси 4-уми факултети филологияи хориҷӣ дар мавзуи “Иоган Волф Гиёте нависанда ва драматурги Олмон”, Талбакова Баноза, донишҷӯи курси 3-юми факултети филологияи хориҷӣ дар мавзуи “Таърихи адабиёти Англия” баромад намуданд.
Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва баҳсу мунозираҳои устодону донишҷӯён хотима ёфт.

Related Articles

Leave a Comment