Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ШАҲРӢ ДАР ДОНИШГОҲ

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ШАҲРӢ ДАР ДОНИШГОҲ

by admin
70 views
Дар замони марҳилаҳои навин ягон самти фаъолиятро бидуни ширкати фаъоли занон тасаввур намудан ғайриимкон аст. Хусусан саҳми онҳо дар бахшҳои илму маориф, фарҳангу тандурустӣ ва дигар самтҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар торафт афзун мегардад. Ҳамзамон ҷиҳати баланд бардоштани ҳуқуқ ва озодии занону модарон, ҷалби васеи онҳо ба раванди татбиқи сиёсати давлатӣ, интихобу тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувон рӯз аз рӯз такмил ёфта, равиши тоза гирифта истодааст. Табиист, ки ҷое занону бонувон ҳаст, назму низом ва самимияту меҳрубонӣ пойдор аст. Дар ин росто имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи илмӣ –назариявии шаҳрӣ бахшида ба 31 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Нақши занон дар замони Истиқлоли давлатӣ” баргузор гардид.
Дар конфронс ноиби ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шарофат Худойдодова, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Кӯлоб Нозимзода Фариштамоҳ, сардори раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Самариддинова Зайнаб, декани факултети филологияи рус, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, Шарипова Одинамо, номзади илмҳои таърих, мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик, Холмуродзода Меҳрафрӯз, саромӯзгори кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон, Кенҷаева Озодамо ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Сухани ифтитоҳиро дотсент Шарофат Худойдодова оғоз намуда, ҳамаи ҳозиринро ба муносибати 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, қайд намуданд, ки “Воқеан ҳам дар даврони соҳибистиқлолии ватани азизамон аз ҷониби Ҳукумати кишвар ва Президенти мамлакатамон ҷиҳати ҷалби занону бонувон ба хизмати давлатӣ бисёр тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешида шудааст, ки ҳамаи ин иқдомот масъулияту нақши занону бонувонро дар рушду таҳкими Истиқлолияти давлатӣ боз ҳам ҷиддитару муввазафтар мегардонад.” Инчунин аз ҷониби мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Кӯлоб Нозимозода Фариштамоҳ сухани шодбошӣ шунида шуд. Сипас, дотсент Шарипова Одинамо дар мавзуи “Сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат дар замони сиҳибистиқлолии кишвар”, дотсент Холмуродзода Меҳрафрӯз дар мавзуи “Зан ва Истиқлолият”, саромӯзгор Кенҷаева Озодамо дар мавзуи “Нақши зан дар замони Истиқлол” маърузаҳои худро ироа намуданд.
Дар охир конфронс бо саволу ҷавоб ва музокираҳои омӯзгорон ва донишҷӯён ба анҷом расид.

Related Articles

Leave a Comment