Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ОЛИМОН

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ОЛИМОН

by admin
102 views
Имрӯз дар маҷлисгоҳи бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷаласаи Шӯрои олимон баргузор гардид. Дар ҷаласаи Шӯрои олимон, ректори донишгоҳ доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек ва аъзоён иштирок доштанд.
Дар ҷаласаи Шӯрои олимон ду масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт. Оид ба масъалаи якум “Нақшаи кории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдаӣ барои соли таҳсили 2022-2023” раиси Шӯрои олимон профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек суханронӣ намуда, нақшаи кории донишгоҳ баррасӣ ва тасдиқ карда шуд.
Дар бораи масъалаи дуюм “Омодагии сохторҳои донишгоҳ, садорати факултетҳо ва кафедраҳо ба соли таҳсили 2022-2023” муовини ректор оид ба таълим Холиқзода Айниддин, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Рафиев Сафархон, муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ Шарофат Худойдодова, муовини ректор оид ба тарбия Назаров Ҳотам ва муовини ректор оид ба корҳои хоҷагӣ Досаков Муъмин суханронӣ намуда, оид ба омодагиҳо ба соли нави таҳсил ҳисобот доданд.
Дар қисмати масъалаҳои ҷорӣ аризаҳои омӯзгорон ҷиҳати тасдиқи рисолаҳои илмӣ муҳокима ва тасдиқ гардиданд.

Related Articles

Leave a Comment