Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ТЕРРОИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ – ОМИЛҲОИ НАГИНИ ИНСОНӢ

ТЕРРОИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ – ОМИЛҲОИ НАГИНИ ИНСОНӢ

by admin
144 views

Дар айни замон ҳоводиси нангини терористӣ ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Терроризм ва ифротгароӣ ҳамчун зуҳуроти номатлуб дар барангехтани низоъ миёни мардуми мамолики ҷаҳон ба шумор рафта, ҳазорҳо оилаҳо қурбони ин зуҳурот гардидаанд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ терроризм ва ифротгароиро яке аз зуҳуроти номатлуби замони имрӯза ном гузошта, дар ба миён омадани оқибатҳои нангини қатлу куштор, таҳдиду истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз худ намудани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ таъсиргузор медонанд.

Камбахтона бештари душманони миллат ва ба истилоҳ исломбадбинон тероризмро моли ислом ва терористро мусулмон арзёбӣ мекунанд, аммо терроризм аз мусулмон нест ва мусулмон террорист буда наметавонад. Вобаста ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ба ҷаҳониён иброз намуданд: “Ифротгароӣ ва терроризм, дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани Ислом кори нодуруст аст. Мубориза бо экстримизм, терроризм ва ҷинояткориро ҳаргиз чун мубориза бар зидди дин муаррифӣ набояд кард”.

Терроризм ҷуз содир намудани амалҳои вайронкорӣ, қатлу куштор, фиребгарӣ, одамрабоӣ ҳеҷ манфиате надорад. Мақсади терорист танҳо бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад.

Ҷавонон ва истиқлолият

Бо шукргузорӣ аз неъмати Истиқлолияти давлатӣ ва тинҷиву амонии кишвари биҳиштосои Тоҷикистон, ки насли ин айём бо ақлу заковати дурандешонашон кучактарин аъмоли терористро маҳкум намуда, терроризмро ҳамчун вабои аср эътироф намуданд. Ҷавонон дурус дарёфтанд, ки афроди ба ном «миллатдӯстон” ғайр аз амалӣ намудани аҳдофи ғаразнок худ, он ҳам ба хотири ба даст овардани низоми раҳбариву сарварӣ ва ҷамъи моликияту ғасби бойгарии мардум дигар чизе нест.

Аминем, ки ин қабил ифротгароён мақсадҳои маҳдуди худро аз манфиатҳои миллии ин миллат, ваҳдати миллӣ ва сулҳу ризоияти тоҷикон, ҷашну анъаноти миллӣ болотар гузошта, мехоҳанд ҷомеаи Тоҷикистони биҳитосоро гирифтори хунрезӣ намоянд ва аз ҳолати мувозанати барои ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ёрмандии хоҷаҳои хориҷиашон кишварро берун кашанд. Дар тафаккури ин бадандешон ҷуз қатлу куштор ва зулму ситам ҳеҷ сухани дигар мақоме надорад. Маълум аст, ки эшон марги волидайн, бародару хоҳар, фарзанд ва тифлакони бегуноҳ, парешон гардидани оилат тоҷикро берун аз хоки Ватан ва гиряи ҷонсузи модари тоҷикро бо чашми сар надидаанд. Ин аст, ки иддае аз онҳо дидаанд, вале худро нодида мегиранд.

Ҳифзи Ватан қарзӣ имонист

Барои ҳар як шаҳрванди бо ору номуси миллат ҳифзи амнияту озодӣ, ваҳдати миллӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ қарзи имониву виҷдонӣ маҳсуб гардида, масъулияти баландро тақозо менамояд. Маҳз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ имкон фароҳам овард, ки рушди бемайлони иқтисодиву иҷтимоии кишвар таъмин гардида, мардуми тоҷик ба сӯи ояндаи дурахшон бо роҳнамоиву ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои устувори худро гузоранд.

Хушбахтона, ҳамарӯза барои мардуми шарифи Тоҷикистон, ки бо талошу кӯшишҳои ҳамешагии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароит беҳтару хубтар гардида, мардуми шарифи кишвар ба зинадагии шоистатар қадам гузошта истодаанд. Мисоли равшан он аст, ки бо гузашти начандон таърихи дур, яъне ҳаводиси солҳои 90-ум миллати тоҷик дар марҳалаи ниҳоят вазнини ҳам иқтисодӣ ҳам иҷтимоӣ ва дигар паҳлуҳои барои ҳаёт зарур қарор доштанд. Давлат имкони ҳатто пардохти маблағи як нонро надошт ва мардум пустҳои дарахтонро низ истеъмол намуданд. Ин ҳама бадбахтиро бар сари ин миллат душманону нотавонбинон дар ниқоби Ислом таҳмил намуданд ва бадбахтиро болои ин бор намуданд. Аммо эшон худ огаҳӣ аз воқеияти ин дини пок (Ислом) надоштанд. Агар воқеан медонистанд, ки дар сураи Рум ояти 32 Қуръони карим гуфта шудааст, ки: «(мабошед) аз онон, ки дини худро пароканда сохтанд ва гурӯҳ-гурӯҳ шуданд». Аммо роҳбари сулҳпарвару инсондӯсти мо, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо андешаи барғалати онҳо мубориза бурда, мадороро пешаи кори хеш карда, миллатро сарҷамъ намуд ва ба ин миллат «Сулҳ» овард. То имрӯз ҷонибдори сулҳу субот буда, дар муқобили терроризму бедодгарӣ дар мубориза аст. Инчунин дар як баромадашон иброз доштанд: “Мо ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни ҷангу низоъ, густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судманди ҳамаи кишварҳои олам, таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошем”.

Зарур медонам иброз намоям, ки миллати барӯманди тоҷик, хосатан ҷавонони саодатманди кишвар фирефтаи даъвату фитнаҳои душманони “дӯстнамо”-и миллат, ки ҳадафҳои ғаразнок ва фитнакори аршад мебошанд, нагардида, паҳлу роҳбарияти давлату ҳукумат, махсусан Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошанд ва бар зидди он нотавонбинон муборизаи беамон баранд. Нагузоранд, ки пойи нохалафи душман дар хоки кишвар гузошта шавад. Агар ин миллат сарҷамъ бошанду бар зидди нерӯҳои бадхоҳ мубориза баранд, давлату миллат дар амон хоҳад монд. Маҳз иттифоқӣ метавонад миллатро аз ҳар гуна хатар эмин дорад. Мавлоно Балхӣ гуфтааст:

Паркандагӣ аз нифоқ хезад,

Пирӯзӣ аз иттифоқ хезад.

Абдувалӣ Раҳматов, Аълочии маорифи Тоҷикистон, омӯзгори МТМУ №17-и н.Восеъ

Related Articles

Leave a Comment