Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ Нерӯгоҳи барқии обии Роғун – ҳамчун яке аз пояҳои мустаҳками иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Нерӯгоҳи барқии обии Роғун – ҳамчун яке аз пояҳои мустаҳками иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

by admin
173 views

Роғун на танҳо манбаи рӯшноӣ , балки маҳаки номуси миллат , шарти иқтидори пойдории давлат ва омили асосии таъмини Тоҷикистон мебошад

                                                                                                                       Эмомалӣ Раҳмон

Воқеан  ҳам, НБО-и  Роғун  иншооти бузурги энергетикӣ буда, барои имрӯзу ояндаи иқтисодиёти ҷумҳурӣ аҳамияти муҳими стратегӣ дорад. Бояд тазаккур дод, ки сиёсати ҳукумати кишвар оид ба барқарорсозии корҳои сохтмонӣ дар НБО-и Роғун ин сиёсате мебошад, ки баҳри манфиатҳои халқ, давлат ва таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ равона шудааст. Дар ҳақиқат НОБ-и Роғун майдони заҳматҳои самарабахш, мояи ифтихору эътибори соҳибватан, ҳастии шуҷоату мардонагӣва шарафмандии миллати тоҷик  гаштааст. Гуфтан бамаврид аст, ки ҳар як ҳарфи ин иншоот ифодакундаи як мафҳуми бузург хоҳад гашт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадашон 16 феврали соли 2018 вобаста ба неругоҳи барқии Роғун таъкид доштанд, ки Мо неругоҳи Роғунро беҳуда  Сохтмони аср  унвон накардаем. Бо бунёди ин неругоҳи бузург мо натанҳо мушкилоти нарасидани барқро ба аҳоли ҳаллу фасл мекунем, балки барои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноатӣ, кишоварзӣтавсе ёфтани тиҷорат ва беҳтар шудани вазъи иҷтимоӣ, аз ҷумла рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ заминаи устувор фароҳам меорем.

      Неругоҳи барқи обии Роғун иншооти ҳаётан муҳими стратегии мамлакат ба ҳисоб меравад, зеро баъди аз ҳам пош хурдани собиқ Иттиҳоди Шуравӣ яке аз мушкилоти асоси барои кишвари мо норасоии неруи барқ  гардид. Дар давраҳои пеш ин мушкилот аз ҳисоби кишварҳои ҳамсоя ҳалли худро меёфт. Масалан, дар мавсими баҳору тобистон Тоҷикистон неруи барзиёди барқи худро ба ҳамсояҳо дода, дар мавсими тирамоҳу зимистон аз онҳо барқ мегирифт.
     Айни замон, баъди  30-соли соҳибистиқлолияти Тоҷикистон ҳам ҳануз мушкилоти энергетики дар Ватанамон ҳалталаб боқи  мондааст. Ба истифода дода шудани НБО-и Сангтуда-1 ва даҳҳо неругоҳҳои хурди миёна, идомаи босураъти корҳо дар НБО-и Сангтудаи-2 низ наметавонанд ин проблемаро ба пурраги аз байн баранд. Аз ин ру, роҳи ягонаи наҷот сохтани НБО-и калонтарини НБО- и Роғун аст.
       Сохтани ин иншооти азими гидроэнергетикӣ ҳануз солҳои 80-уми асри ХХ оғоз гардида буд. Аммо парокандашавии собик Иттиходи Шуравӣва ҷанги дохилии Тоҷикистон имкон надоданд, ки ин сохтмон пурра ба охир расад. Энергияи истеҳсолкардаи НБО-и Роғун на танҳо ҷумҳуриамонро аз буҳрони энергетикӣмебарорад, инчунин имкон медиҳад, ки як қисм неруи барқи истеҳсолшуда ба фуруш бароварда шавад.

          Тоҷикистонам чароғон мешавад,

          Манбаи нури фаровон мешавад.

          Аз фурӯғи дидаи Роғуни мо,

          Ҳафт кишвар ахтаристон мешавад.

Имрӯз Тоҷикистон ба хотири сохтмони неругоҳи Роғун монанди ҷавони қавипайкар ва диловари қариб бистсолаест, ки ба мисли Фарҳоди куҳкан синаи куҳи Хороро мешикофад, пеши дарёи шуху саркаши Вахшро мебандад, кишвари худ ва минтақаро Чароғистон мегардонад.
Дар муроҷиатноми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон омадааст. «Он рӯз дур нест, ки дар партави нури Роғун парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол ва тоҷи заррини давлати тоҷикон ҷилои тозае хохад гирифт.«

Мардуми тоҷик аз набудани барқи доимӣ ба душворихои зиёде ру ба ру мешуданд. Ҳоло бошад, ин душвориҳо паси сар гардида истодаанд. Бунёди Роғун ин нангу номус ва ифтихори ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аст. Гуфтан мумкин аст, ки нисбати солҳои пешин интиқоли қувваи барқ дар шаҳру ноҳияҳо беҳтар гардидааст.

                   Бунёди НБО-и Роғун армони миллати мост,

                   Неруи он фазояд, неруи қудрати мост.

                   Роғун калиди фатҳ  аст, Роғун навиди фатҳ аст,

                   Боби наве кушояд дар рушди давлати мо.

      Хулоса, фардои дурахшони тоҷикистониёну Тоҷикистон аз бунёди НБО-и Роғун вобаста аст. Сохтмони неругоҳи Роғун корнамоии навбатии аҳолии кишвар ва мактаби ваҳдату бародарӣ,  меҳнатпарастию бунёдкорист. Мардуми мо дорои неруи  бузургу иродаи тавоност ва ин неругоҳро месозад. Роғун манбаи азими нур мегардаду Тоҷикистонро ба зинаи нави тараққиёт мерасонад.

Ҳар касе, ки дар орзуи ободии диёр бошад, бояд дар бунёди НБО-и Роғун саҳми худро гузорад.

БОБОЕВ Комрон, докторанти Институти химия ба номи В.И. Никитини Академияи Миллии илмҳои Тоҷикистон

Related Articles

Leave a Comment