Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ҚАЗОҚИСТОНРО ВАЙРОН МЕКУНАНД!

ҚАЗОҚИСТОНРО ВАЙРОН МЕКУНАНД!

by admin
153 views
Имрӯз вазъи Қазоқистон ба ҳама маълум аст. Бо дасисаи бегонагон тамоми зебоиҳои ин ватан вайрон шуда истодаанд. Агар ҳар миллате зиракии сиёсӣ надошта бошад ва пойбанди гурӯҳҳои ифротӣ шавад, теша ба решаи худ мезанад.
Ҳоло тазоҳургарон дар Қазоқистон биноҳои ҳукуматро ба тасарруф медароранд ва то ин соат аз ба дасти эътирозгарон гузаштани биноҳои ҳукумат дар Алма-Ато ва Актубе хабар расидааст. Ҳамчунин аз ҳамлаи тазоҳургарон ба биноҳои дигари ҳукумати шаҳрҳо гузориш мешавад. Ин бадбахтист!
Дар Алма-Ато бинои ҳукуматро сӯзониданд, ҳама ҷоро хароб кардан доранд.
Ҳарбиёнро кушта ва захмӣ карда истодаанд. Оё онҳо фикр намекунанд, ки дар артиш фарзандон ва наберагони онҳо хидмат мекунанд.
Тазоҳургарон аввал танҳо поин бурдани қимати газро талаб мекарданд, аммо кам-кам шиорҳои қатъи фасод, бунёди корхонаҳо, истеъфои ҳукумат низ ҳамроҳ шуданд, яъне ин амал пешакӣ тарҳрезӣ шуда буд.
Ин моро водор мекунад, ки ба қадри сулҳу субот бирасем ва чун гавҳараки чашм онро ҳифз намоем.
Ин сон замоне ба қадри арзишҳояш мерасад, ки онро аз даст бидиҳад. Аз ин рӯ, дар урфият ҳам мегӯянд, ки илоҷи воқеа пеш аз вуҷуъ мебошад.
Аз ин сабаб, фарзандонро бояд дар рӯҳияи илмдӯстӣ ва ватанпарварӣ тарбият бояд кунем ва нагузорем, ки тӯъмаи гурӯҳҳои ифротӣ шаванд.
Ҳамеша ва дар ҳама ҷо зиракии сиёиро аз даст додан даркор нест!
Поянда бод, Тоҷикистони азизи ман!
Нодир Ҳамроев, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment