Home ХАБАР МУЛОҚОТИ РЕКТОР БО ОМӮЗГОРОНИ ФАКУЛТЕТИ ТАЪРИХ, ҲУҚУҚ ВА МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА ФАКУЛТЕТИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ОМОДАГИИ ДИФОИ ҲАРБӢ

МУЛОҚОТИ РЕКТОР БО ОМӮЗГОРОНИ ФАКУЛТЕТИ ТАЪРИХ, ҲУҚУҚ ВА МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА ФАКУЛТЕТИ ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ОМОДАГИИ ДИФОИ ҲАРБӢ

by admin
94 views
Имрӯз дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абубабдуллоҳи Рӯдакӣ мулоқоти ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек бо ҳайати омӯзгорон ва роҳбарияти факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот ноибони ректор, деканҳои факултетҳои зикршуда, муовинони деканҳо, мудирони кафедраҳо ва ҳайати омӯзгорон иштирок доштанд.
Профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек оид ба дастовардҳои бадастовардаи факултетҳо дар шаш моҳи аввали соли 2022 ёдовар шуда, камбудиҳои ҷойдошта дар самти таълиму тарбия ёдовар шуданд.
Сипас, омӯзгорони факултетҳо оид ба масъалаҳои гуногун раванди таълиму тарбия таклифу пешниҳодот ироа карданд. Аз ҷумла, Абдуллоев Маҳмуд, профессор, Холмадов Сафар, Шоҳинов Ҳасан, Қарақулов Алоуддин, Қурбонзода Кароматулло ва дигарон ибрози назар намуданд. Баромадкунандагон аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои маорифпарвари тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф изҳори хушнудӣ карда, ваъда доданд, ки барои беҳтар шудани сифати таълим саҳмгузор хоҳем шуд.
Мулоқот дар муҳити орому озод сурат гирифта, омӯзгорон пешниҳодот ва ҳарфҳои худро ба ректори донишгоҳ расониданд.

Related Articles

Leave a Comment