Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ҲАР АЙБ, КИ ҲАСТ, ДАР МУСУЛМОНИИ МОСТ…

ҲАР АЙБ, КИ ҲАСТ, ДАР МУСУЛМОНИИ МОСТ…

by admin
114 views

Солҳои охир ҷомеаи башарро ҳаводиси тундгаро ва ҳазорҳо амалҳои ҳузнангези терористӣ фаро гирифтаанд, ки тибқи маълумоти сарчашмаҳои хабаррасон дастандаркорони чунин амалҳо намояндагии ба истилоҳ равияҳои динӣ ва мазҳабу ҳизбҳо (ба қавле Худошиносону Худопарастон) буда, дар ниқоби дин баҳри пиёда кардани аҳдофи ғаразонаи худ, маҳз баҳри ба даст овардани қудрату сарварӣ мебошад.

Барномаҳои равияву мазҳабҳои тундгаро тавре тарҳрезӣ шудаанд, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат зимоми андешоти мардум, махсусан ҷавононро бар даст мегиранд. Зеро муқаррароту таълимоти барномаҳо аз ибтидо то интиҳо бо истифода аз номи Худову паёмбар ва таълимоти Қуръони карим таълиф шудаанд ва ин низ ҳикмат дорад. Дар ин бора донишманди ҳиндӣ Маҳадма Ганди ҷое ишора мекунад, ки «Ташвиқу тарғиби мардум барои даъват ба коре бо ироаи каломи ирфонӣ сад маротиб аз баёни лафзи бадеӣ таъсирноктар аст». Ин гуфтаҳо воқеияти хосса дошта, ба василаи чунин мазҳабу равияҳои тундгаро (ба қавле исломӣ) ҷони ҳазорон ҷавонони миллат қурбон шуда, ин омил то кунун идома дорад.

Ифтихор аз ин гуфтаҳост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни сарони давлатҳои ҷаҳон ягона нафарест, ки аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ба ҷаҳониён иброз намуданд: “Ифротгароӣ ва терроризм, дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани Ислом кори нодуруст аст. Мубориза бо экстримизм, терроризм ва ҷинояткориро ҳаргиз чун мубориза бар зидди дин муаррифӣ набояд кард”. Воқеан дар марҳилаи кунунӣ маводи паҳнкардаи душманони миллат нишон медиҳад, ки ҳадафи онҳо барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату ҳукумат ва тафриқаандозӣ миёни афроди миллат аст. Зери шиорҳои бофтаву тахаюлии «гӯё динӣ» ба торҳои эҳсосоти афроди миллат чанг зада, ба амалҳои низоъпарастӣ, ифродгароӣ ва террористӣ ҷавононро даъват намуда, аъмоли баду нангини худро ба истилоҳ “фидокорӣ” “қаҳрамонӣ” ташбеҳ мекунанд ва мехоҳанд дар ин замина аҳдофи ғаразонаи хешро пиёда созанд ва ба ин васила дар барҳам задани расму анъанот ва ҷашну идҳои миллӣ саҳм бигиранд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмамолӣ Раҳмон дар ҳар як вохӯрӣ ва баромадҳояшон бо далелҳои саҳеҳ тамоми паҳлуҳои зуҳуроти номатлуби тероризмро маҳкум намуда, ҳамчун як мусулмони комил Исломро дини пок ва ростӣ ҳифз менамояд ва тероризму терористро моли он намедонад. Вобаста ба ин дар вохӯриашон бо аҳли ҷомеа таъкид намуданд: «Рисолати таърихии дин ваҳдат ва суботи ҷомеа аст, на тафриқаандозӣ дар байни уммати мусулмон. Мо бояд дини мубини исломро аз тафриқаангезӣ ва олудашавӣ бо ифротгароӣ ҳифз намоем, ҷавҳар ва чеҳраи ҳақиқии маънавию ахлоқӣ ва таҳаммулгароии онро ба мардум ва махсусан ба насли ҷавонамон нишон диҳем ва дар тарбияи ахлоқиву маънавии онҳо аз арзишҳои исломӣ истифода намоем».

Ҳар фарди миллат бояд ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ бирасад, ба арзишҳои муқаддаси миллӣ эҳтиром гузорад, масъулият ва шарафу номуси ватандорриро барҷой нигоҳ дорад, аз давлату миллати хеш ифтихор намояд. Айни замон, надонистани сарнавишти таърихии миллати худ, фориғболию бехабарӣ ва носипосӣ нисбати мероси маънавӣ-фарҳангии он шахсро бо инкори ҳақиқат вогузор намуда, ба бегонапарастию қадр накардани қимати дастовардҳои истиқлолияти миллӣ оварда мерасонад.

Аъзам Бобоев, саромӯзгори кафедраи забонҳои хориҷии ДДК

Related Articles

Leave a Comment