Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ТАРАННУМИ СУЛҲ ДАР АШЪОРИ САИДҶОН ҲАКИМЗОДА

ТАРАННУМИ СУЛҲ ДАР АШЪОРИ САИДҶОН ҲАКИМЗОДА

by admin
221 views
Дар охири садаи XX, дар натиҷаи пошхӯрии салтанати Шӯравӣ баробари давлатҳои дигар ба сарзамини куҳанбунёди тоҷикон низ насими тозаи озодиву истиқлол вазид ва дар ҳаёти мардум давраи нав оғоз гашт. Орзӯи дерина дар баробари истиқлолияти миллӣ ҷомаи амал пушид, таърих тӯҳфаи беҳамто — мустаъқилиятро ато намуд.
Имрӯз аз баракати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизи мо — Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати сулҳпарвар пазируфта шудааст.
Маҳз даврони истиқлолияту соҳибихтиёрии кишварамон таҷассумгари сулҳу ваҳдат сартосарӣ дар кишвар ва ташаккули тамаддуну эҳёи миллатамон ба шумор меравад. Аҳли қалам, аз ҷумла шоирон бо синаҳои шеърбору каломи пурэъҷоз аз тамоми санъатҳои шеърӣ истифода бурда, мавзуъҳои барои башарит ҳаётан муҳим -истиқлолият ва сулҳу ваҳдати комилро васф намуда, ба рӯҳияи идона ва тантанаҳои ҷашнии мардум ҳусни тозае зам менамоянд.
Аз он рӯз ба баъд ва то кунун сулҳу Ваҳдати миллӣ ба яке аз мавзуҳои мавриди назар омӯзишу васф дар адабиёт табдил ёфт. Адибони соҳибҳунари мо ба хотири дар ёдҳо зинда нигоҳ доштани Ваҳдат ҳамарӯза шеърҳои тоза эҷод мекунанд.
Ваҳдати миллӣ барои ҳар фарди ватандӯст ва бонангу номус муқаддастарин ҷашн ба ҳисоб меравад. Зеро ин тантанаи сулҳу оромӣ, осудагию ҳамдигарфаҳмӣ ва оштиву ваҳдат аст.
Дар тамоми давраҳои таърихӣ миллати тоҷик бузургоне дошт, ки ба туфайли андешаҳои хирадмандонаи онҳо душманӣ бадӯстӣ табдил ёфт. Ба қавли хирадмандоу донишгустарон дар ҳар миллат ду тоифа вуҷуд дорад, ки яке ба «васлкардан» майл дорад ва дигаре ба «фаслкардан» таваҷҷӯҳ доранд. Ва адибони мо вазифа ва рисолати инсонии худро барои васл намудани риштаи сулҳу дустӣ ва таҳкиму ваҳдати мардум донистаанд. Чуноне Мавлои Рум мефармояд:
Мо барои васл кардан омадем,
На барои фасл кардан омадем.
Ин масъулятро адибони дигари мо пурифтихор донистаанд. Саидҷон Ҳакимзода низ аз зумраи онҳост, ки сулҳ ва ҳамбастагии мардумро бо ҷон парстторӣ мекунад ва сабаби зода шуданшро ҳам барои талқини ваҳдату сбот медонад.
Сулҳро бо ҷон парасторӣ кунам,
Баҳри ин кори савобам зодаанд.
Саидҷон Ҳакимзода аз ҷумлаи он адибони тоҷик аст, ки дар охири солҳои 50-ум ва авали соҳои 60-уми асри 20 ба арсаи адабиёт қадам ниҳодаанд. Ӯ дар қатори шоирон – Ашӯр Сафар, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Қутбӣ Киром, Мастон Шералӣ, Ҳадиса Қурбонова, Мавҷуда Ҳакимова, Ҳайрат Шанбезода, Салимшо Ҳалимшо ва дигарон дар майдони шеъру адаб табъ озмуда, ба дӯстдорони адабаиёт ва шеъру суруд аз чакидаҳои хомааш мероси рангине боқӣ гузоштааст.
Дарбаргирии мавзуъҳо дар эҷодиёти Саидҷон Ҳакимзода васеъ аст. Зеро устод Соат Чалишев, дар пешгуфтори «Куллиёт»-и шоир ишора намудааст, ки «чунин мавзӯъҳо, монанди Ватан, модар, одам ва худшиносӣ, дӯстии халқҳо, ишқу муҳаббат, ҳаҷв ва амсоли инҳо дар эҷодиёти ин шоири ҳаётҷу, поктинат ба таври таббиӣ, нарму самимӣ, сода ифода меёбад ва баробари ҳамин дар онҳо садои ҳақиқии ҳаёту хушиҳои зиндагӣ шунида мешавад. Дар заминаи ин, иброз намоем, ки тараннум сулҳ дар ашъори шоир яке аз мавзуъҳои меҳварии эҷодиёти адиб аст, хато намекунем.
Имрӯз Ваҳдати миллӣ барои миллати сарбаланду фарзона ва мутамаддини тоҷик ба як мактаби эътимодбахшу тақдирсоз табдил ёфта, ба таври ҳамешагӣ вориди рӯзгори мо шуд ва рукнҳои давлатдориамонро боз ҳам таҳким бахшид.
Ин неъмати безавол, пеш аз ҳама натиҷаи заҳмат ва роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муьтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин саҳми қишрҳои ҷомеа, сохторҳои давлатию ҳукуматӣ ва кулли ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад, ки дар таҳкими Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон воқеан нақши сарнавиштсоз гузоштанд.
С. Ҳакимзода дар офаридаҳои худ аз ҷумла, «Чеҳраи субҳ барои Эмомалӣ Раҳмон» доир ба азму талошҳои Пешвои миллат дар муттаҳаидгардонӣ ва аз парокандагӣ наҷот додани миллат, мефармояд:
Пешвои халқи мо аз ҷодаи ғамхорҳо бигзашт,
Ҳамчу нур аз мағз – мағзи оҳани озорҳо бигзашт.
Рӯ ба рӯ омад ба неку зишт бо пиндори неки хеш,
Аз миёни оташи сӯзандаи пайкорҳо бигзашт.
Аз барои хотири сулҳу амонии ватандорон,
Аз гуноҳи ноҷавонмардонаи бисёрҳо бигзашт.
Аз маишат дур гашту бо раият сахт шуд пайванд,
З – имтиҳони сахти домандори давлатдорҳо бигзашт.
Чеҳраи субҳонаи ӯ шомҳоро равшанӣ бахшид,
Ҳамчу нуре аз дилу аз дидаи бедорҳо бигзашт.
То шиносонад ба олам Оли Сомонро чу давлат ӯ,
Аз ҳисори қасди бераҳмонаи ағёрҳо бигзашт.
Тоҷикистонро раҳонид аз аз ғами садпора гаштанҳо,
Аз балову аз қазои ҷумла қисматгорҳо бигзашт.
Давлати пояндаи мо боз ҳам пояндатар бодо!
Зинда бодо, он ки бо душвор аз душворҳо бигзашт!
Адабиёт, ки худ инъикоскунандаи масоили замон аст ва дар ҳар давру замон дарди рӯзгорро бо худ мекашад, аз инъикоси ин мавзӯъ дар шеър ва сухани худ дар канор наистода, балки бо андешаҳои тоза ва диққатҷалбкунандаи худ мафҳуми сулҳро комилтару рангинтар сохтааст.
Адиб Саидҷон Ҳакимзода низ дар ин маврид таваҷҷуҳи хосае доштааст. Чуноне дар шеъри «Мунодии сулҳ» бо ифтихор хушбахтии башариатро масъулияти инсонии худ дониста, муътақид бар он аст, ки ҳар нохушиии бар сари башар меомодагиро дар ҳамбастагӣ ва ҳамдилии бародарон, яъне мардуми бофарҳангу донишманд бехатар бармегардонанд, то аҳли башар дар фазои обод ва суботи сартосарӣ ваҳдати комил дошта бошанд.
… Ман балогардони сулҳи ин ҷаҳонам,
Ман балогардони ҷони одамонам,
Манн нигаҳбони замину осмонам.
Пеш ояд гар балое бар сари насли башар,
Зуд гардонам варо манн бехатар,
Бо мададгории ёрони дигар…
Мехоҳам таваҷҷуҳи шуморо ба тарони дигари шоири маҳбуб Саидҷон ҳакимзода ҷалб намоям, ки «Таронаи сулҳ» номгузорӣ шудааст. Дар ин тарона сахан сари он аст, ки адиб барои мардуми олам зиндагии шоистаро таманно намуда, иброз доштааст, ки дар ҳамин замона барои зиндагии кули башар ба ҷуз сулҳ дигар эҳтиҷе нест. Маҳз сулҳ омили асосии расидан ба ҳадафҳои оливу созанда аст. Дар сурати ваҳдати сартосарӣ бахти инсонӣ ҳам ҷовидонист:
Ман намехоҳам, ки бинам
Оби чашмеро равона.
Одамиро бесаранҷом,
Зиндагиро Ғусахона.
Тинҷ бошад гар замона,
Бахт бошад ҷовидона.
Дар замони мо ба инсон
Мерасад анвои олам.
Эҳтиёҷе нест дигар
Ғайри сулҳ аз баҳри одам.
Тинҷ бошад гар замона,
Бахт бошад ҷовидона…
Фарҳанги сулҳофарӣ барои миллати мо нав набуда, хеле қадимист. Сулҳ ва ваҳдати миллӣ яке аз мавзӯъҳои ҷовидонаи адабиёти классикӣ ва муосири мардуми ориёӣ, аз ҷумла, тоҷикон маҳсуб меёбад. Аз замоне ки назм дар олами ҳастӣ арзи вуҷуд кард, яке аз мавзӯъҳои муҳим ва мубрам дониста шудааст. Гувоҳи ин гуфтаҳо яке аз шоҳасарҳои адабиёти ҷаҳон – «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ сулҳ ва ваҳдати миллатҳои эронинажод ва мардуми ориёиро инъикос намудааст. Бо тараннум ва ё инъикоси ин мавзӯъ адибони форсу тоҷик мардумро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намудаанд ва ин то ҳол идома доард.
С.Ҳакимзода дар пайравӣ аз гузашта пурифтихор ва идомадиаҳандаи анъанаҳои неки ниёгон дар шеъри «Мо сулҳпарастем» бори дигар ба мардуми ҷаҳон нишон додаст, ки тоҷикон ҳамеша талқинкунандаи сулҳу субботи сартосарианд:
Мо дар бадии ҳеҷ башарзода набошем,
Мо тухми бадӣ дафъ намоему напошем.
Мо қасд ба иғвогарию ҷанг надорем,
Ин шоҳиди он нест, ки мо нанг надорем.
Ин шоҳиди он аст, ки мо сулҳпарастем,
Бо сулҳпарастони ҷаҳон даст ба дастем.
Мо мардуми пурфатҳу барорем ба олам,
Аспи ҳунару фатҳ саворем ба олам.
Мо нахли пур аз бори умедем ба инсон,
Душман натавонад шиканад шохае аз он.
Хулоса, тараннуми сулҳ дар ашъори Саидҷон Ҳакимзода ҷойгоҳи махсусеро касб менамояд ва таҳлили пурраи ин масъала пажуҳиши амиқтарро мехоҳад. Зеро мо дар ин ҷо натавонистаем тамомии паҳлҳҳои гуногуни шеъри пурбаҳои устод Саидҷон Ҳакимзодаро, ки ба тараннуми сулҳ бахшидааст, ба хонандаи муҳтарам бирасонем. Зеро ба хонандаи муҳтарам маълум аст, ки дар матлабе имкон ҷойдодани ашоъори мазкур ғайри имкон аст. Умед бар он мебандем, ки дар оянда донишмандони гиромии мо ин паҳлуи ашъори адиби зандаёдро ба хонандаи гиромӣ ошно менамоянд.
Муҳаммадҷони АБДУВОҲИД, сармутахассиси бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абубадуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment