Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ОИЛА САРЧАШМАИ ХУШБАХТИСТ!

ОИЛА САРЧАШМАИ ХУШБАХТИСТ!

by admin
235 views
Оила сохтори қадимтарине дар дунёст ва нақши муҳиме дар ҷамъияти инсонӣ мебозад. Тӯли таърих оилаҳои қавӣ дар бунёди ҷамъиятҳои қавӣ саҳм гузоштаанд. Оила беҳтарин сохтор барои баркамол кардани фарзандон аст.
Оилаи хушбахт ошёни осоишу бехатарӣ мебошад. Як хонаводаи идеалиро тасаввур намоед. Вақти хӯрдани хӯроки шом, волидони ғамхор бо фарзандони худ нишастаанд ва дар бобати воқеаҳои рӯз сӯҳбат менамоянд. Бачаҳо бо ҳаяҷон рӯйдодҳои мактабро ба падару модар нақл мекунанд. Ин лаҳзаҳои тароватбахше, ки ҳамроҳ гузарониданд, ҳар яке аз аҳли оиларо барои рӯзи дигаре дар дунёи берун аз хона омода месозад.
Дар оилаи хушбахт, фарзанд медонад, ки падар ва модар ҳангоми бемориаш ба ӯ ғамхорӣ хоҳанд кард, ҳатто агар лозим ояд, бо навбат дар сари болинаш шабзиндадорӣ менамоянд. Вай мутмаин аст, бо ҳар мушкилие, ки ба сари ҷавонаш наояд, ӯ ба волидон муроҷиат карда, аз онҳо маслиҳату дастгирӣ хоҳад ёфт. Бале, новобаста аз авзое, ки дунёи берунаи пурошӯб дорад, кӯдак худро осуда эҳсос хоҳад кард.
Вақте фарзандон ба воя мерасанд, одатан издивоҷ карда, оилаҳои худро бунёд месозанд. “Худ, ки фарзанддор шудӣ, ба қадри падару модар зиёдтар мерасӣ”,—омадааст дар зарбулмасале. Бо эҳсоси амиқи миннатдорӣ ва муҳаббат онҳо мекӯшанд, ки оилаҳои худро хушбахт созанд ва ҳам чунин дар бобати волидони солхӯрдаи худ, ки аз улфати набераҳо лаззат мебаранд, ғамхорӣ намоянд.
Эҳтимол ҳоло чунин фикр аз саратон мегузарад: “Хуб, ман оилаи худро дӯст медорам, вале он ба хонаводае, ки дар ин ҷо тасвир шуд, тамоман монанд нест. Реҷаи кори ману ҳамсарам гуногун аст ва ҳамдигарро қариб намебинем. Аксари вақт мавзӯи сӯҳбатамон мушкилиҳои пулию молист”. Ё шояд ин тавр бигӯед: “Фарзандон ва набераҳои ман дар шаҳри дигар зиндагӣ мекунанд ва дастёбӣ ба имконияти дидори онҳо мушкил аст”. Оре, бо сабабҳое, ки аксаран аз мо вобаста нестанд, ҳаёти оилаҳои зиёде аз зиндагии идеалӣ дур аст. Аммо ба ҳар ҳол хонаводаҳои хушбахт мавҷуданд. Онҳо чӣ тавр ба хушбахтии оила муваффақ шудаанд? Оё сирри хушбахтии оила вуҷуд дорад? Бале, вуҷуд дорад. Вале пеш аз он ки ин сирро мавриди муҳокима қарор диҳем, ба як саволи муҳиме ҷавоб бояд дод.
ОИЛА ЧИСТ?
Дар хусуси кадом шакли оила дар нашрияи мазкур сухан меравад? Дар кишварҳои Ғарб аксари оилаҳо аз падар, модар ва фарзандон иборатанд. Бобою бибӣ одатан то даме, ки тавоноиашон барҷост, мустақилона зиндагӣ мекунанд. Ҳарчанд ки аҳли оила бо хешовандони дигар робита доранд, ба ҳар ҳол масъулияти нисбат ба онҳо доштаашон маҳдуданд. Дар мақолаи мазкур сухан асосан дар хусуси ин гуна оилаҳо меравад. Лекин солҳои охир, шаклҳои дигари оилаҳо зиёд мегарданд — оилаҳое, ки фақат яке аз волидонро дороянд, ё хонаводаҳое, ки натиҷаи аз нав издивоҷ кардан ҳастанд, ё оилаҳое, ки дар онҳо падару модар бо сабабе ба ҳамдигар зиндагӣ намекунанд.
ЧӢ ГУНА ОИЛАРО КАЛОН МЕНОМАНД?
Ба маданияти баъзе халқҳо доштани оилаҳои калон хос аст. Дар чунин хонаводаҳо, фарзандон ҳар рӯза дар бобати бобою бибиҳо ғамхорӣ мекунанд ва робитаҳои қавию масъулиятҳо бо хешовандони дур ҳам вуҷуд доранд. Масалан, аъзоёни оила барои таъмину ба воя расонидан ва маълумот гирифтани ҷиянҳо ё хешовандони дуртар ҳам кӯмак мекунанд. Принсипҳое, ки дар ин мақола мавриди баррасӣ қарор мегиранд, барои оилаҳои калон низ лоиқи кор бурданд. Кадом мушкилиҳо дар баъзе кишварҳо нишонгари тағйирёбии оилаҳо ҳастанд?
Имрӯз, мутаассифона, ҳаёти оилавӣ ба тарафи манфӣ тағйир меёбад. Ҳиндустон ба ин мисол аст, ки дар онҷо зан бо хонаводаи шавҳараш зиндагӣ мекунад ва зери назорати онҳо корҳои хонаро ба ҷо меорад. Бо вуҷуди ин, шумораи занони ҳиндие, ки мехоҳанд шуғле берун аз хона дошта бошанд, имрӯз зиёд аст. Вале зоҳиран, ҳоло низ аз онҳо мунтазиранд, ки вазифаҳояшонро дар хона ҳам иҷро кунанд. Саволе, ки дар кишварҳои зиёд бармехезад, ин аст; зане, ки ба шуғли берун аз хона ҳам банд аст, дар муқоиса бо аъзоёни дигари оила дар хона чӣ қадар кор карданаш лозим аст?
Дар мамлакатҳои Шарқ оилаҳо одатан калон ва хеле аҳланд, вале зери таъсири фардигароии Ғарб ва фишори иқтисодӣ, оилаҳои калон ҳам суст мешаванд. Аз ин рӯ, барои бисёриҳо нигоҳубини волидони солхӯрда дигар на ин ки қарз ва имтиёз, балки як бори гарон шудааст. Баъзеҳо бо падару модари солхӯрдаашон таҳқиромез муносибат мекунанд. Чунин муносибати хунукназаронаву сангдилона бе шубҳа дар кишварҳои зиёде мавҷуд аст.
КАДОМ САНАДҲО ТАҒЙИРЁБИИ ОИЛАҲОРО ДАР АВРУПО НИШОН МЕДИҲАНД?
Теъдоди талоқ торафт бештар мешавад. Дар Испаниё дар даҳаи охири асри XX шумораи талоқ хеле афзоиш ёфт; аз ҳар 8 издивоҷ яке бо талоқ анҷом меёбад, ки ин як ҷаҳиши бузургест дар муқоиса бо танҳо 25 сол пеш аз ин, ки он вақт ба 100 издивоҷ 1 талоқ рост меомад. Дар Бритониё, ки аз рӯи иттилоот шумораи талоқ дар он баландтарин дар Аврупост (аз ҳар 10 издивоҷ 4–тои он бо талоқ анҷом меёбад), афзоиши босуръати оилаҳое дида мешавад, ки танҳо яке аз волидонро доранд.
Дар Олмон аксари мардум оини оиласозиро ба канор гузоштаанд. Солҳои 1990, 35 фоизи хонадони ин кишвар аз як шахс ва 31 фоизи дигар танҳо аз ду нафар иборат буд. Ҳамчунин, дар Фаронса хоҳишмандони издивоҷ камтар ва аз теъдоди издивоҷкардагон бошад, адади талоқ гирифтагон зиёдтар ва вақти талоқгирӣ барвақттар шудааст. Шумораи онҳое, ки мехоҳанд бо ҳам зиндагӣ кунанд, вале масъулияти издивоҷро ба дӯш нагиранд, торафт зиёд мешавад. Ҳамин гуна тамоюлот дар тамоми дунё ба чашм мерасанд.
АЗ САБАБИ ТАҒЙИРЁБИИ ОИЛАҲОИ МУОСИР КӮДАКОН ЧӢ ТАВР АЗИЯТ МЕКАШАНД?
Дар бораи фарзандон чӣ метавон гуфт? Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои зиёди дигар беш аз пеш кӯдакон бидуни издивоҷи волидонашон таваллуд мешаванд, ки баъзан модарони онҳо ҳанӯз худ наврасанд. Бархе аз чунин духтарони наврас чанд фарзанд аз мардони гуногун доранд. Аз ақсои ҷаҳон хабарҳо оид ба миллионҳо кӯдакони бехонумон ва оворагард садо медиҳанд; аксари онҳо аз хона гурехтаанд, зеро он ҷо мавриди азият қарор мегиранд ё эшонро аз оила пеш кардаанд, чунки дигар имконияти таъмини ин кӯдаконро надоранд.
КАДОМ МУШКИЛИҲОИ ДАР ОЛАМ ПАҲНГАШТА ОИЛАРО АЗ ХУШБАХТӢ МАҲРУМ МЕКУНАД?
Бале, оила дар бӯҳрон аст. Ба ғайр аз он чизҳое, ки дар боло ёдовар шуданд, —исёни наврасон бар волидон, азияти кӯдакон дар оила, зӯроварӣ бар ҳамсар, истеъмоли машруботи спиртӣ ва мушкилиҳои даҳшатбори дигар вуҷуд доранд, ки оиларо аз хушбахтӣ маҳрум мекунанд. Барои теъдоди бузурги кӯдакон ва калонсолон оила дигар ошёни орому паноҳгоҳ нест.
Ба ақидаи баъзеҳо сабаби дар бӯҳрон будани оила дар чист? Чаро оила дар бӯҳрон аст? Баъзеҳо дар бӯҳрони муосири оила ба кори ҷамъиятӣ баромадани занро сабаб мебинанд. Дигарон ба бадшавии ин замонаи ахлоқ ишора мекунанд. Сабабҳои дигар ҳам номбар мешаванд. Тақрибан 2000 сол пеш ҳуқуқшиноси машҳуре пешгӯӣ намуд, ки омилҳои зиёде ба оила фишор хоҳанд овард: «Дар айёми охир замони сахт фаро хоҳад расид, зеро ки одамон худписанд хоҳанд шуд ва зарпараст ва пурғурур ва ҳавобаланд ва бадзабон ва беитоат ба падарону модарон ва кӯрнамак ва осӣ ва ноаҳл ва номуросо ва тӯҳматчӣ ва бепарҳез ва бераҳм ва душмани некӣ ва хоин ва бодӣ, ки айшу ишратро бештар аз Худо дӯст медоранд» (Тимотиюс ).Оё касе шубҳа мекунад, ки ин суханҳо дар рӯзҳои мо иҷро мешаванд? Дар ҷаҳоне, ки чунин аҳвол дорад, магар дар бӯҳрон будани оила ҳайрат овараст?
Дилшод БОБОЕВ, асиссенти кафедраи сиёсатшиносӣ

Related Articles

Leave a Comment