Home СИЁСАТ ЗИРАКИИ СИЁСӢ — НАҶОТДИҲАНДАИ ҶАВОНОН АЗ РОҲГУМИҲО

ЗИРАКИИ СИЁСӢ — НАҶОТДИҲАНДАИ ҶАВОНОН АЗ РОҲГУМИҲО

by admin
272 views
Имрӯз фурсати он фаро расидааст, ки ҷавонони бонангу номуси Тоҷикистон аз зиракии сиёсии худ дар сатҳи баланд истифода кунанд. Зеро, бадхоҳону хоинон, ифротгароёну душманони давлату миллати тоҷик баҳри роҳгумии мардуми Тоҷикистон аз тамоми усулҳо истифода намуда, мардумро ба шӯр овардаву осоиштагии меҳанро халалдор карданӣ ҳастанд. Бахусус, ҳолати дар вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон рӯх дода, ва ба нооромиву безобита намудани сокинон даст задани гурӯҳи ҷиноятпеша гувоҳӣ гуфтаҳои болост.
Бояд ҳамагон, хусусан, худи ҷавонони вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бо хубӣ дарк намоянд, ки Бадахшон як пора ва қисми ҷудонашавандаи Тоҷикистон аст. Ифротгароёну иғвоангезон аз ҳар ҳолати кучаки нофаҳмиҳо истифода карда, ҷавононро ба амалҳои номатлуб бурдан мехоҳанд.
Таъкиди зерини Пешвои муаззами миллатро ҳаргиз набояд фаромӯш кунем,ки фармудаанд: «… наслҳои имрузу фардоро зарур аст,ки бо мақсади таъмини амнияти давлат ҳарчи бештар муттаҳид бошанд ва нагузоранд,ки дар ҷомеа ғояҳои ифротиву ба фарҳанги мо бегона нуфуз пайдо карда, зиндагии орому осудаи сокинони мамлакатро халалдор созанд».
Ёдовар мегардем, ки соатҳои 20.40 дақиқаи ҳамин рӯз бо супориши Мамадбоқиров Мамадбоқир як гурӯҳ ҷавонони ноогоҳ бо роҳбарии Назришоев Замир Маҳтобшоевич, соли таваллудаш 1993, сокини маҳаллаи Ш.Шоҳтемури шаҳри Хоруғ, ба хизматчиёни РВКД дар ВМКБ, ки дар бинои Суди вилоят вазифаҳои хизматии худро иҷро мекарданд, ҳамлаи мусаллаҳона намуда, норинҷаки дастиро таркониданд.
Дар натиҷаи ин амалҳои ғайриқонунии номбурдагон муовини аввали сардори РВКД дар ВМКБ, полковники милитсия Муборакшозода Ғайратшо Ғуломшо, корманди шуъбаи оперативии РҚД ВКД капитан Қамишев Шуҳрат Абдуҷабборович ва командири взводи таъиноти махсуси Қисми ҳарбии 3503 ҚД ВКД лейтенанти калон Файзуллозода Абубакр ҷароҳат бардошта, дар бемористон бистарӣ шуданд.
Ҳангоми зада гардонидани ҳамлаи мусаллаҳона Назришоев З.М. захмӣ гардида, дар бемористон ба ҳалокат расид.
Дар рафти амалиётҳо маводҳои махсуси зиддигирдиҳамоӣ истифода карда шуд.
Барои муайян кардани дигар аъзоёни гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, ки дар ҳамлаи мусаллаҳона иштирок карданд, чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома доранд.
Мо ҷавонони вилояти Хатлон аз вазъи бавуҷудомада дар вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бохабар буда, дигар ҷавонони саодатманди кишвар, бахусус, аз ҷавонони Бадахшон даъват баамал меорем, ки зиракии сиёсии худро аз даст надода, ба устувории давлат ва кори мақомоти қудратӣ боварии комил дошта, ба мақомоти дахлдор дар самти муваффақона анҷом додани тафтишоти мазкур мувофиқи имконияти худ мусоидат намояд.
Фирдавс Умаров, «Хатлон»

Related Articles

Leave a Comment