Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ МАОРИФ, ИЛМ, АДАБИЁТ ВА САНЪАТИ ТОҶИК ДАР СОЛҲОИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

МАОРИФ, ИЛМ, АДАБИЁТ ВА САНЪАТИ ТОҶИК ДАР СОЛҲОИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

by admin
161 views

Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз лиҳози вусъату андоза  ҷанги даҳшатнок буд. Вале дар муқобили ин ҷанги хунину бераҳмона мардуми дӯсту тифоқи ҷумҳуроиҳои Иттиҳоди Шӯравӣ мардонавор ҷангиданд ва билохира, аз болои Германияи фашистӣ ғалаба ба даст оварданд. Инак, имсол мо дар арафаи 78 –солагии ғалаба қарор дорем.

Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои муҳим мақом дорад. Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо тоҷикистониён, низ азиз ва гироми аст. Рӯзи ғалаба рамзи ватандӯстӣ, фидокорӣ, иттиҳод ва рӯҳи шикастанопазири халқҳои мост.

Ҷанги дуюми ҷаҳон аз лиҳози вусъату андоза ҷанги даҳшатноктарин дар таърихи инсоният ба шумор меравад. Онро мамлакатҳои империалистӣ тайёр карда буданд. Ин мамлакатҳо кӯшиш мекарданд, ки қаламрави давлатҳои дигарро забт карда, халқи онҳоро ба асорат гирифтор намуда, ҳукмронии худро дар ҷаҳон таъмин намоянд.

Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҳамчун бузургтарин фоҷиаи асри ХХ, ки ҷони миллионҳо ҷавонмардони шуҷоъ ва ватандӯстро ба коми худ кашида, ҳазорон шаҳру деҳотро ба хок яксон кард, дар ёдҳо боқист. Ҳарчанд аз он фаҷиа 78 –сол сипарӣ мешавад, вале то кунун захми он аз хотираҳо зудуда ва дуди ғализи он аз димоғҳо нарафтааст.

Ин ҷанг аз рӯи мақсад ва сохти сиёсии давлатҳои дар он иштироккунанда ҷанги империалистӣ, истилогарона ва аз тарафи ташабускоронӣ он беадолатона буд.

22 июни соли 1941 Германияи Фашистӣ созишномаи 23 августи соли 1939-ро шикаста ба Иттифоқи Шӯравӣ ҳамла кард. Гитлерчиён ният доштанд, ки тавассути нақшаҳои «Барқосо» (190 двизияи дорои 5,5 млн. нафар аскару афсар, 3,7 ҳазор танк, 5 ҳазор самолёт, зиёда аз 47 ҳазор тӯп ва миномёт), амалиёти «Тӯфон» (дар назди Москва), «Такягоҳ» (дар «Камона Курск» — Курск-Орёл-Белгород тибқи ин нақша фашистон дар Орёл ва Харков пеш рафта, Москваро давр зада ба даст медароварданд) артиши Шӯравиро торумор намуда, Ҷанги дуюми ҷаҳонро ба фоидаи худ анҷом диҳанд.  Аммо Ҳукумати Шӯравӣ барои гирифтани пеши роҳи таҷовузкор чораҳои фаврӣ андешида, 30-июни соли 1941 Кумитаи давлатии мудофиа таъсис намуд ва тамоми захираҳои ҳарбӣ, иқтисодӣ ва сиёсиро барои дифои мамлакат равон сохт.

Халқи шӯ¬равӣ ва сарбозону афсарони он ба муқобили душманони ғаддор 1418 шабонарӯз муборизаи фидокорона бурда, шарафу истиқболи Ватани Иттиҳоди Шӯравиро ҳифз намудаанд. Дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ беш аз 27 милион нафар, дар қатори онҳо аз Тоҷикистон қариб 100 ҳазор нафар ҷанговарон ҳалок гардиданд. Ин вазнинтарин ҷанг буд, ки ҳамто надошт. Ғалабаро дар сангарҳо ҷанговарон, дар ақибгоҳ заҳматкашон, аз ҷумла кормандони соҳаи илм, маориф, фарҳанг ва санъат ҳам таъмин намудаанд.

Дар ҳама он чи ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ муваффақият ба даст омада, замина ҳанӯз дар арафаи ҷанг гузошта шуда, баъд дар рафти набардҳо пеш рафт, ғанӣ гардид. Ин падидаҳо ба илм, адабиёт, фарҳанг ва навъҳои мухталифи санъат низ тааллуқ доранд. Солҳои ҷанг ҳарчанд маҳрумиятҳои зиёде пеш омада бошад ҳам, ҳаёти мадании халқи тоҷик соате ҳам оромӣ надошт. Мактаби тоҷик ба душвориҳои бешуморе дучор омад: биноҳои таълимӣ намерасиданд, зеро қисми зиёди мактабхонаҳо ба шифохонаҳои ҳарбӣ ва муассисаҳои дигар табдил ёфта буданд. Машғулиятҳо дар се бахш дар биноҳои шароиташ ногувор мегузашт. Васоити таълим намерасид, муаллимон камшумор буданд, зеро танҳо дар тӯли як соли ҷанг 5 ҳазор муаллим ба ҷанг рафта буд.

Мувофиқи қарори Шӯрои Комиссарони Халқ (ШКХ) –и ҶШС Тоҷикистон аз 12 сентябри соли 1941 «Оид ба дигаргусозии кори филиали тоҷикистонии АИ ИҶШС» фаъолияти олимони тоҷик ба мақсадҳои мудофиавӣ нигаронда шуданд. Диққати аҳли илм ба масъалаҳое нигаронида шуда буданд, ки барои хоҷагии халқ ва мудофиаи Ватан аҳамияти амалӣ доштанд. Дар инкишофи санъати касбии тоҷик саҳми С.Баласанян, А. Камолов, З. Шаҳидӣ, А. Ленский, И. Шваде, С. Урбах, Ш. Соҳибов, Ф. Солиев, Ш. Бобокалонов, А. Ёрмуҳаммадов, Б. Файзуллоев ва дигарон калон аст.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ илм, адабиёт ва санъати тоҷик пеш рафт, оммаро ҷиҳати маънавӣ-сиёсӣ, дарки зебоӣ дар ақибгоҳ ва ҷабҳа, ғояҳои дӯстӣ, меҳанпарстӣ, диловарӣ, шуҷоат ва қаҳрамонӣ талқин намуд. Зиёда аз 1000 нафар шоирону нависандагон ба ҷанг рафта, 417 нафари онҳо ҳалок гардиданд, ба 5 нафарашон унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ доданд. Аз Тоҷикистон намояндагони тамоми навъҳои санъат-кинематография, архитектура, театр музей, кормандони китобхонаҳо, дигар муассисаҳои маданию маърифатӣ ба ҷабҳа рафтанд. Дигарон бо санъати волои худ, фаъолияти хуби эҷодӣ дар ақибгоҳ мардумро ба меҳнати шоиста ҳидоят намудаанд.

Натиҷаи кори шоёни маданию маърифатии ходимони санъати мамлакати шӯравӣ буда, ки онҳо дар зарфи 1418 шабу рӯзи Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1 млн. 300 ҳазор бор консерту спектаклҳо намоиш донад, аз онҳо 450 ҳазор маротибааш бевоситадар хатти пеши фронт ба аскарҳо ва афсарҳо пешкаш карда шуд. Дар ду соли охири ҷанг ба ҳисоби миёна ҳар моҳ аз 100 то 125 бригадаи бадеии фронтӣ ва аз 10 то 12 театри фронтӣ дар хатти ҷанг фаъолият доштанд.

Нахустин бригадаи бадеии фронтӣ аз Тоҷикистон ба дивизияи дар Эрон буда ва аҳолии Теҳрон консертҳо нишон дод. Тирамоҳи соли 1942 бригадаи дуюми бадеии фронтӣ таъсис ёфта, аз 14 январ то 5 марти соли 1943 ба ҷанговарони фронтҳои Волхов ва Ленинград, аҳолии он ҷо консертҳо намоиш дод. Аз санъати баланди ҳунарпешаҳо А. Азимова, А. Носирова, А. Камолов, Ф. Солиев, Т. Ғаффорова, Ш. Бобокалонов, А. Муллоқандов, Ғ. Валаматзода, А. Бендер, А. Шарипов, М. Волин ва дигарон (роҳбари бадеии он А. Корох буд) тамошобинон лаззати эстетики бурданд.

Бригадаи сеюми бадеии фронтӣ моҳи ноябри соли 1943 ба вилояти Свердлов омада ба коргарони тоҷик, узбек, аҳолии ин ҷо 45 маротиба консерт нишон дод. Ҳайати бригада аз 11 нафар иборат буда, дар шаҳрҳои Свердловск, Серов, Нижний Тагил, Нижний Тур ва ғайра бо намоиши консертӣ баромад кард. Дар рӯзномаҳои он ҷо фикру мулоҳизаҳои тамошобинон басо ҷолиб ба табъ расид, бахусус ба маҳорати Д. Аҳма¬дов, Т. Бобиева, Т. Насриддинов баҳои баланд раво диданд. Роҳбари бадеии бригада В. Смир¬нов дар рӯзномаи «Коммунист Таджикистана» (аз 1 январи соли 1944) таҳти унвони «Мактуб аз фронт» ибрози ақида намуд. Як гурӯҳ коргарони коргоҳи азими ҳарбии «Уралхиммашстрой» ба унвони Д. Протопопов ва М. Қурбонов мактуби миннатдорӣ фиристоданд. Ҳунарпешаҳо ҳамроҳи худ ба фронт 25 вагони қатораро туҳфа бурда буданд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи бригадаҳои бадеиро омухта, дар партави онҳо моҳи  июни соли 1943 ҳайати Театри фронтии тоҷикро тасдиқ намуд. Ба ин мақсад ҳануз моҳи май қарори Ҳукумат баромад. Аз ҳисоби ҳунарпешаҳои театрҳои ба Тоҷикистон овардашуда (онҳо беш аз 520 нафар буданд), опера ва ба¬лет, ба номи Маяковский, филармонияи давлатӣ ҳайати театри фронтӣ ташкил шуд.

Дар сафари аввал, ки 18 августи соли 1943 оғоз ёфт, 88 консерт, спектакл намоиш дода шуд. Дар яке аз онҳо К. Рокосовский иштирок дошт. Дар зарфи 52 рӯз театр 250 консерт дод ва то охири соли 1943 зиёда аз 1000 маротиба баромад намуданд. Моҳи декабри соли 1943 аз нав ба сафар баромада, то январи соли 1944 театр ба ҷанговарони фронтҳои 1 ва 2-и Бело¬руссия (аз ҷумла, дивизияи 20 савора, ки баъд номи дивизияи 17 гвардиягӣ гирифт) 139 маротиба консерт нишон дод. Мувофиқи ҳуҷҷатҳои расмӣ театри фронтии тоҷик дар байни ҳамин гуна театрҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон дар ҷои аввал меистод. Дар ин масъала хизмати эҷодкорони ба Тоҷикистон ба сифати муҳоҷирони ҷанг омада бағоят бузург буд. Дар зарфи ду моҳ санъаткорон (апрелу майи соли 1944) дар фрон¬ти 2-и Украина 131 консерт пешкаш намуда, 26 июн ба Тоҷикистон баргаштанд.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ caнъати тоҷик дар шаҳрҳои гуногуни Русия ва ҳатто Руминия ба ҷанговарон намоиш дода шуд. Дар қатори дигарон ватандӯстии ҳунарпешаҳо ҳам ҳамто надошт. Фақат як Ҳофизи мардумии тоҷик Акашариф Ҷӯраев бори аввал 10 ҳазор, бори дуюм 15 ҳазор ва дафъаи сеюм аз ҳисоби пули нақди худ 100 ҳазор сӯм ба Фонди мудофиа ирсол намуд. Бо чунин ёриҳои моддӣ ва маънавӣ ходимони санъат низ кори ғалабаро таъмин карданд.

Санъаткорони тоҷик дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ кушиш ба харҷ доданд, ки ҳам бо ёрии моддӣ ва ҳам аз тариқи таъсиррасонии маънавӣ муҳофизони ватанро ҳамаҷониба дастгирӣ, фронтро пурзур намоянд. Инчунин тамоми мардуми Тоҷикистон дар алоҳидагӣ барои истеҳсоли аслиҳа 6 млн. пул ҷамъ карда фиристоданд.

Ҷанги дуюми ҷаҳониро таърихшиносон барҳақ вазнинтарин ва мушкилтарин имтиҳони инсоният дар асри бистум донистаанд. Дар он беш аз 70- дав¬лати хурду бузург иштирок кардаанд, набардҳои хунин ва амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди 40 давлат сурат гирифтанд. Ва талафоти умумии инсоният ба 55 млн. нафар расид, ки тақрибан 30 миллиони онҳо дар набардҳои мудҳиш ҳалок гардиданд. Хароҷоти ҳарбӣ ва зарари умумии ҷанг  4,5 триллион доллари америкоиро ташкил медод.

Мо имрӯз ҳак дорем бо як ҷаҳон ифтихору сарбаландӣ иброз намоем, ки фарзандони шарафманди Тоҷикистон низ беш аз 260 ҳазор нафар дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок карда, дар ин Ғалабаи Бузург саҳм гирифтаанд. Барои қаҳрамониҳои бемисл ва шуҷоату мардонагӣ зиёда аз 60- нафар бо унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, 19 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» ва даҳҳо ҳазори дигар бо ордену медалҳои ҷангӣ сарфароз гардидаанд.

Пирузӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бар иловаи он, ки аҳамияти азими таърихӣ ва сиёсӣ дошт, боз ба башарият бори дигар собит кард, ки халқҳою миллатҳои гуногун сарфи назар аз ҷаҳонбинии сиёсӣ, иде-ологӣ ва мазҳабиашон агар муттаҳид ва якдилу якмаром шаванд, метавонанд ҳар гуна нерӯҳои бадхоҳи инсониятро саркӯб ва мағлуб созанд.

Иттиҳоду ҳамбастагии ҷаҳониён бар фашизм пирӯз шуд. Аз ин рӯ, санаи Ғалаба бар фашизм, агар як тараф, ҷашни пурифтихор бошад, аз ҷониби дигар, инсониятро огоҳ месозад, ки барои тақдири сулҳи сартосарӣ дар дунё, оромию осоиштагӣ дар хонаи умумиамон масъулияти бештар дошта бошанд.

Бигзор чераи манҳуси ҷангро набинем ва дар зери осмони соф ҳамеша кабӯтари Сулҳ болафшонӣ намояд.

Суфиев САДРИДДИН, мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Related Articles

Leave a Comment