Home СИЁСАТ ИҒВОАНГЕЗӢ НАКУНЕД!

ИҒВОАНГЕЗӢ НАКУНЕД!

by admin
192 views
Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба яке аз мамлакатҳои ободу зебо ва амнтарини дунё мубаддал гаштааст.
Аммо, дар баробари ободу зебо ва тинҷу ором будани кишвари азизамон, имрӯз нохалафоне пайдо ҳастанд, ки хиёнат бо номи Ватану номуси хеш карда, ба сулҳу амнияти он халал ворид мекунанд. Рӯйдодҳои охири Бадахшон, ки гурӯҳҳои ғайриқонунии дохилӣ бо мақсадҳои ғаразнок баҳси калонеро дар сомонаҳои иҷтимоӣ ба бор овардаанд. Аз куҷо пайдост, ки онҳо зархаридони кӣ ҳастанд? Ҳамчунин, гузоришу хабарҳои иғвоангези хабарнигорони радиои “Озодӣ” низ то ба андозае дар сомонаҳои иҷтимоӣ вокуниш ба вуҷуд оварданд, ки дар тартибу низоми он наметавонад бетаъсир бошад.
Қизияҳои охире, ки дар Вилояти мухтори куҳистони Бададхшон чандин маротиба сар зад, натиҷаҳои хуберо ба бор наовард. Марги чандин ашхоси сарсупурдаи Ватан, вайрон шудани идораҳои давлатию манзилҳои шахсӣ, бесарусомонии мардум далели натиҷаҳои манфии ин иғвоангезиҳо маҳсуб меёбанд…
Маҳз амалу рафтори мухолифони зархарид ва кутоҳандешии баъзе ҷавонони фирефташуда буд, ки солҳои 90-уми асри гузашта, Тоҷикистон ба гирдоби ҷангу хунрезӣ дарафтод, ки дар натиҷа ба буҳрони иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавии миллӣ расид. Ҳарчанд, имрӯз мухолифин аз Амрикою Аврупо истода, тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ мардуми моро ба шӯру ғавғо даъват мекунанд, аммо онҳо ҳеҷ гоҳ ба мақсади палиду нопоки худ намерасанд. Мо ҷавононро низ лозим аст, ки ба суханони пучу беасоси онҳо диққат надода, пайваста аз пайи омӯзиш ва рушди зиракии сиёсии хеш бошем.
Ҷасури ҚИЁМИДДИН, «Хатлон»

Related Articles

Leave a Comment