Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ОЛИМОН ВА РАЁСАТ

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ОЛИМОН ВА РАЁСАТ

by admin
116 views
Имрӯз дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷаласаи Шӯрои олимон ва Раёсати донишгоҳ баргузор гардид.
Дар он ректори донишгоҳ, ҳамзамон раиси Шӯрои олимон доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо ва аъзоёни шӯрову раёсат иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи Шӯрои олимон ду масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт. Оид ба “Ҳолати иҷрои “Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, техналогия ва инноватсия барои давраи то соли 2030” (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.06.2021, №263) маълумотномаи сардори Раёсати илм ва инноватсия, дотсент Самариддинова Зайнаб ва оид ба “Вазъи таълиму тарбияи донишҷӯёни тибқи Квотаи Президентӣ таҳсилкунанда дар факултетҳои донишгоҳ” маълумотномаи раиси комиссия, муовини ректор оид ба тарбия номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Ҳотам Назаров шунида шуд.
Дар ҷаласаи Раёсати донишгоҳ се масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳисоботи сардори Шӯъбаи мониторинг ва идоракунии сифати таҳсилот номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Маҳбуба Бобоева оид ба “Ҳолати ташкил ва баргузории пешдифои рисолаҳои хатм ва рисолаҳои магистрӣ дар кафедраҳои тахассусӣ (таълими рӯзона)”, маълумотномаи директори парки технологӣ Саъдуллоев Зафар “Оид ба вазъи фаъолияти парки технологии донишгоҳ, ҳолат ва дурнамо” ва гузориши роҳбари гурӯҳи корӣ Раҳмонов З. дар хусуси “Вазъи ҳуҷҷатҳои шахсӣ ва таълимии хатмкунандагони зинаҳои бакалаврият, магистратура, докторантураи PhD, бартараф намудани қарзҳои академӣ” шунида, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар қисмати масъалаҳои ҷорӣ раиси Шӯрои олимон профессор Мирализода Абдусалом Мустафо суханронӣ намуданд ва ба шахсони масъул супоришҳои қатъӣ доданд. Таъкид гардид, ки барои беҳтар шудани сатҳу сифати таълим кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Related Articles

Leave a Comment