Home ХАБАР ҶАМЪБАСТИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

ҶАМЪБАСТИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

by admin
32 views
Бахшида ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” ва “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” (солҳои 2022-2040) дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз 11. 04.2022 то 16.04.2022 конфронси илмӣ-назариявии ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён оид ба натиҷагирии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022 баргузор гардида буд. Имрӯз дар бинои маъмурии донишгоҳ ҷаласаи ҷамъбасти конфронс гузаронида шуд, ки дар он ректори донишгоҳ профессор Мирализода Абдусалом Мустафо, муовинон, ҳайати профессорон, омӯзгорон ва донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ ширкат варзиданд.
Сухани ифтитоҳиро ректори донишгоҳ доктори илмҳои педагогӣ, профессор, Мирализода Абдусалом Мустафо оғоз намуда, зимни баромадашон қайд намуданд, ки “Раёсати донишгоҳ, коллективи омӯзгорону кормандон фаъолияти хешро маҳз дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илм ба роҳ монда, дар соли сипаригашта ба як қатор дастовардҳои таълимӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ ноил гардиданд. Дар 35 кафедраи амалкунандаи донишгоҳ аз рӯи 18 равия, 25 проблема ва 28 мавзуъ омӯзгорон ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул буда, ҳамасола ба табъу нашр ва таҳияи рисолаву монография ва китобҳои илмию таълимӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Дар соли 2021 аз 558 нафар ҳайати омӯзгорон 508 нафарашон ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул буданд, ки ин ба 91,3%-и теъдоди омӯзгорони донишгоҳ баробар аст ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,1% зиёд мебошад”.
Дар охир ба омӯзгорону донишҷӯёне ки дар конфронс фаъолона ширкат варзиданд аз ҷониби садорати донишгоҳ бо ифтихорнома қадрдонӣ гардиданд.

Related Articles

Leave a Comment