Home ХАБАР ДАВРИ ФАКУЛТЕТИИ ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”

ДАВРИ ФАКУЛТЕТИИ ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”

by admin
123 views
Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи аҳолии кишвар бахусус наврасону ҷавонон дар саросари мамлакат як қатор озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба роҳ монда шудаанд, ки яке аз онҳо ин озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба шумор меравад.
Тули 3 сол аст, ки озмун дар саросари мамлакат дар чор давр ва аз рӯи панҷ номинатсия баргузор мегардад.
Имрӯз дар факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ даври факултавии озмуни мазкур баргузор гардид. Дар озмун Расулова Лутфия, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, декани факулта, Ҳакимов Абдуразоқ, мудири кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ, Наврӯз Носирӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири кафедраи менеҷмент ва маркетинг, Мирзоев Тоҳир, ҷонишини декан оид ба таълим, Раҳимова Қурбонбӣ, мутахассиси раёсати илм ва инноватсия ва ҳайати донишҷӯён иштирок намуданд.
Дар озмун зиёда аз 10 нафар донишҷӯ аз рӯи се номинатсия: адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик ва эҷоди назму наср ширкат намуда, 8 нафарашон ба даври донишгоҳии озмун роҳ ёфтанд.
Бояд қайд кард, ки озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо, ходимони илм), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар доир мегардад.

Related Articles

Leave a Comment