Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “СОҲИБКОРӢ ”

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “СОҲИБКОРӢ ”

by admin
94 views
Имрӯз дар факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили “Соҳибкор”-и кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ баргузор гардид.
Дар маҳфил мутахассиси раёсатӣ илм ва иноватсия Раҳимова Қурбонбӣ, мудири кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ Ҳакимов Абдуразоқ, роҳбари маҳфил Нуралиева Миҷгона ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Сараввал роҳбари маҳфил Нуралиева Миҷгона суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшид. Сипас, Сафолов Аминҷон, донишҷӯи курси дуюми факултаи иқтисод ва идора дар мавзӯи “ Банақшагирии фаъолияти истеҳсолӣ ва хоҷагидории корхонаҳо” ва Наимзода Мансур, донишҷӯи курси чоруми факултаи иқтисод ва идора дар мавзӯи “Нақши фаъолияти корхонаҳо дар шароити муосир” суханронӣ намуданд.
Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи устдону омӯзгорон ба анҷом расид.

Related Articles

Leave a Comment