Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ ДАРСИ НАМУНАВИИ ДОТСЕНТ

БАРГУЗОРИИ ДАРСИ НАМУНАВИИ ДОТСЕНТ

by admin
112 views

Имрӯз дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси намунавии Зулфиев Гадомад, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, декани факултаи тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ дар мавзуи “Баъзе махсусиятҳои шеъри Лоиқ” дар гурӯҳҳои таълимии 401 ва 402-и ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик баргузор гардид.
Дар дарс Ашурова Нодира, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, Холиқова Зайналбӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи адабиёти тоҷик, Шамшоди Ҷамшед, номзади илмҳои филологӣ, мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ ширкат варзиданд.
Нахуст дарсро муаллим Зулфиев Гадомад оғоз намуданд. Ҳангоми рафти дарс, ки назариявӣ буд муаллим доир ба хусусиятҳои хоси шеъри устод Лоиқ сухан ронда қайд карданд, ки “Устод Лоиқ Шералӣ бо назми нотакрори хеш, бо вижагиҳои тоза ва орифонаву ошиқона ба шеъри муосири адабиёти тоҷик либоси тозаву пероста пӯшонид. Яке аз вижагиҳои шеъри устод дар он аст, ки ҳамеша муборизаи қувваи некиву бадӣ дар мадди назари шоир мебошад. Метавон гуфт, ки ба истиснои силсилаи «Илҳом аз «Шоҳнома», дар дигар ашъори ӯ ин ҷиҳат фаровон ба назар мерасад.”
Инчунин ҳангоми дарс муаллим ба донишҷӯён саволҳо дода, донишҷӯён ба суолҳои додаи муаллим посухҳои мушаххас гардониданд ва ҳамчунин аз ашъори ин шоири ширинкалом порчаҳои назмӣ қироат намуданд. Дар охир дотсент Ашурова Нодира ва Шамшоди Ҷамшед суханронӣ намуда, дарси муаллимро хуб баҳогузорӣ намуданд.

Related Articles

Leave a Comment