Home МАҚОЛОТИ ТАҲЛИЛӢ ВА НАЗАРПУРСӢТАҲЛИЛ ШОИРИ ХАЛҚ ВА ОРМОНҲОИ ДИЛИ МАРДУМ

ШОИРИ ХАЛҚ ВА ОРМОНҲОИ ДИЛИ МАРДУМ

by admin
171 views

Чу ман мирам, миёни ҳамдигар гӯед, ки Лоиқ,

Дар оғӯши замин бо бӯйҳои осмонӣ рафт.

Лоиқ Шералӣ бо офариниши сухани баланду гуворо дар дили мардуми тоҷик ва дигар мардумони суханпарвар нақши абадӣ гузошта, хотираи ин суханвари тавоно ҳеҷ гоҳ аз дили мардум зудуда нахоҳад гашт. Устод Лоиқ солҳои шастуми асри гузашта ба шоҳроҳи адабиёти тоҷик гомҳои устувор гузошт ва аз рӯзҳои нахустини ба чоп расидани шеърҳояш, метавон гуфт дили ҷавонони суханпарастро ба сӯйи хеш ҷалб намуд.

Лоиқ Шералӣ дар офаридани ғазал маҳорати баланд дошт ва низ дубайтию рӯбоӣ, шеъри озод, достону манзумаҳои нобаш дили пиру барноро тасхир намудаанд.

Ҳар як шеъри шоир аз истеъдоди нодири ӯ гувоҳӣ медод ва сухансарои ҷавон ҳаргиз аз омӯзишу мутолиаи шоҳасарҳои суханварони ҷаҳон даст барнадошта пайваста кӯшиш мекард, ки дар ганҷури адабиёти муосири тоҷик гавҳарҳои пурҷилову дурахшони назмро афзун намояд. Натиҷаи заҳмату талошҳои ҳамешагиаш буд, ки баъди нашр гардидани маҷмӯаи аввалини ӯ зери унвони “Сари сабз”, нависандаи мардумии Тоҷикистон устод Сотим Улуғзода  ба таълифоташ чунин баҳои шоиста додааст: “Шоири ҷавон хеле боистеъдод ва маҷмӯааш пурмазмун аст”.

Лоиқ Шералӣ дар муддати чил соли фаъолияти шоирии худ тавонист ҷойгоҳи шеъри ҷаҳонгири тоҷикро боз ҳам баланд бардорад. Ва ин талоши худро чунин баён намудааст:

Қасдам аз шеъру шоирӣ ин аст,

То ситонем доди худ з-олам.

То ки қадре баланд бардорем,

Шеърро ҳам баробари одам.

Маҷмуаҳои ашъори ӯ зери унвонҳои“Соҳилҳо”, “Нӯшбод”, “Илҳом”, “Марди роҳ”, “Хоки Ватан”, “Резаборон”, “Варақи санг”, “Хонаи чашм”, “Хонаи дил” ва “Офтобборон” дар давраи камолоти эҷодиаш ба нашр расидаанд. Натиҷаи заҳматҳои тулониаш буд, ки барои осори беҳтаринаш, ки дар китобҳои “Хоки Ватан” ва “ Илҳом аз Шоҳнома” гирдоварӣ шудаанд, соли 1978 ифтихорманди Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гардид.

Лоиқ Шералӣ эҷодгари сермаҳсул буда, барои офариниши асарҳои тоза ба тоза заҳматҳои зиёд мекашид. Суханро бо як самимияту нуктасанҷиҳо сайқал дода, андешаҳои бикру ноб, ташбеҳу истиораҳои дастнахӯрдаеро рӯи саҳифаҳо ба қалам меовард. Ӯ дар офариниши манзумаи “Модарнома” ба комёбиҳои дурахшон ноил мегардад.  Силсилашеърҳои ба модар бахшидаи ӯро  соли 1991 нашриёти Адиб зери унвони “Дасти дуои модар” ба табъ  мерасонад, ки он 44 шеъру рубоӣ ва дубайтиро дар бар гирифта, ҳаҷми умумии он ба 694 байт ё 1388 мисраъ рост меояд.

Дар маркази ашъори шоир образи модар бо ҳама хислатҳои накӯ, хулқу рафтор ва урфу одат, анъанаҳои миллии халқи тоҷик таҷассум гаштааст. Шоир дар шеъри “Ба модарам” чунин суханони меҳрангезу дилнишинро овардааст:

Ба кунҷи сандалӣ биншаста шабҳо, модари пирам,

Ту шояд ҷомаи домодӣ медӯзӣ ба сад ният,

Ки рӯзи тӯй дида дар қади ман, бишкани армон.

Бубинӣ то ба ранги нав, ба ҳусни навҷавоният,

Ба он дастони ларзони шарафмандат бимирам ман!…

Шоири ширинсухан дар силсилаи шеърҳои “Модарнома” аз санъатҳои бадеӣ бо як маҳорати баланди сухансанҷӣ истифода намуда, замин ва модарро ҳамқисмат маънидод кардааст. Ҳар касеро зодгоҳе ҳаст, ки онро Ватан гӯянд. Ба ин маънӣ образи модар ва Ватан дар ашъори шоир ҳамрадиф бозгӯ шудааст:

Ту монанди замин танҳоӣ модар,

Ту монанди замин яктоӣ модар…

Вале баҳри ҳама модар-Ватан яктост.

Ту ҳам аз баҳри мо мисли Ватан яктоӣ, модар…

Адабиётшиноси тоҷик Атахон Сайфуллоев ба эҷодиёти шоир баҳои баланд дода, дар мавриди силсилашеърҳои “Модарнома” чунин гуфтааст: “Дар ашъори Лоиқ образи Ватан, модар ва фарзандон аз ҳамдигар ҷудо нестанд. Ин се тан, чунон ки дар ҳаёти воқеӣ ба ҳам пайванданд, дар назми шоир низ ҳамчун машъали сегона тасвир ёфтаанд”.

Намоди Ватан дар эҷодиёти шоир дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ хеле ҳасос нишон дода шудааст. Ӯ мегӯяд, ки маҳфуми Ватан аз гавҳора, аз шири поки модар, аз сангу кӯҳу хоки диёр оғоз шуда, ба мафҳуми умумӣ ва ягонаи он Тоҷикистон мепайвандад. Муҳаббат ва садоқат ба Ватан, эҳтироми ҳар қатраи оби зулолаш дар ватанномаҳои Лоиқ ба равшанӣ бозтоб шудааст.

Адиби тоҷик Абдулҳамиди Самад мегӯяд: “Устод Лоиқ, ки дар миёни шоирони тоҷик бештар ормонҳои миллиро суруда тавонист, нишонрас ва мондагор боқӣ монд. Ҳадафи асосӣ ва аслии шоирии Лоиқ аз тасвиру тавсифи чизҳои зоҳиран зебо иборат нест, манзури ӯ тасвири зулфи печону хами абрӯву теғи нигоҳу мисли инҳо нест, манзури шоирии устод Лоиқ ифшои дарду армонҳои миллӣ аст”.

Харобиҳову ошуфтагиҳои аз ҷанги шаҳрвандӣ ба бор омада, ба рӯҳияи шоир бетаъсир намонд ва бар асари фишори ҳаводиси Тоҷикистон он таассуроти нохуш, дар давраи поёни умр дили нозуки ӯро афсурда ва андӯҳгин сохта буд. Ин дарду ғами бепоёни шоирро аз мутолиаи шеърҳои охираш ошкоро метавон пай бурд.

Баҳриддин Алавӣ, корманди Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёт, таҳиягари куллиёти Лоиқ чунин менигорад: “Ҳаводиси солҳои ахири Тоҷикистон ҳам ба афкор ва рӯҳияи устод Лоиқ таъсири амиқ гузошт. Устод дар ашъори солҳои ахир дардҳо ва назарҳои худро нисбат ба замон ва ҳаводиси рӯзгоре, ки мо дорем баён кардааст. Ҳодисаҳоеро мо дидем, ки ҳанӯз ҳам одам бовар намекунад, ки чунин ҳолат иттифоқ уфтад. Фоҷиаҳоеро мо дидем, ки одамон бидуни ҳадаф ҳамдигарро мекуштанд, гӯшҳои ҳамдигарро мебуриданд, ҳама ҷо дуздӣ, ғорат одамрабоӣ… Замон ончунон ошуфта буд, ки касе ба фарёди касе намерасид. Аз ҳамин хотир буд, ки китоби устод бо номи “Фарёди бефарёдрас”, ном гирифт. Ҳамин тавр устод Лоиқ аз рисолати шоирии худ, ки гуфтани дардҳои замона аст, то охирин лаҳзаи умр по пас нагузошт”.

Касоне, ки бо Лоиқ пайванду наздикӣ ва дустӣ доштаанд, мегӯянд дар вуҷуди ӯ чизе барсохтаву маснӯӣ набуд. Тавре Фарзона шоири тоҷик мегӯяд: “Устод Лоиқ айни муъҷиза буданд, тамоми шеърҳояшон дар як ҳолати бехудӣ гуфта мешуданд, ки дар онҳо ҳеҷ халале, берабтие, номавзуние на дар зоҳир на дар ботини устод ман мушоҳида накардаам. Дар бештари ҳолатҳо мебинам, ки бисёр олимон калимоти арабиро дар суҳбатҳояшон истифода мебаранд ва бо ҳамин гӯё каломи худро оро медиҳанд, ҳарфу нутқи худро муҷаҳҳаз мекунанд. Аммо устод Лоиқ ба забони ноби тоҷикӣ суҳбат мекарданд, ки бисёр оддӣ, маъмулӣ ва дилкашу равон ба назар мерасид”.

Бояд донист, ки ӯ танҳо як шоир набуд. Болотар аз пиндор буд ва хубтар аз шоир. Ҳеҷ фарде воқеияти рӯзгори моро мисли ӯ ҷовидона ба қалам накашидааст. Ҳар қадар замон гузарад ба ҳамон андоза андешаи Лоиқ ба мо наздиктару қавитар мегардад.

То наорояд ҷавониям ҷаҳони пирро,

То набандам бо сурудам пеши роҳи тирро.

То нагирам бо қалам пешиии дами шамшерро,

То набинвисам зи нав ман номаи тақдирро

Ман намемирам, ман нахоҳам мурд!

Дар ҳақиқат сухану калом ва шеъри устод Лоиқ Шералӣ на танҳо барои имрӯзу фардост, балки чун офаридаҳои бисёри гузаштагони пурифтихори мо барои абадият аст.

Алишери АБДУЛМАҶИД, мудири кафедраи журналистика

Related Articles

Leave a Comment