Home ХАБАР БАРГУЗОРИИ ДАРСИ НАМУНАВИИ ДОТСЕНТ

БАРГУЗОРИИ ДАРСИ НАМУНАВИИ ДОТСЕНТ

by admin
87 views
Имрӯз дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси намунавии Ашурова Нодира, номзади илмҳои филологӣ, дотсент дар мавзуи “Мухтассоти сабки ироқӣ” дар гурӯҳҳои таълимии 301 ва 302-и ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик баргузор гардид.
Дар дарс Зулфиев Гадомад, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, сардори шӯъбаи тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои илмӣ педагогӣ, Шамшоди Ҷамшед, номзади илмҳои филологӣ, мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ, Давлатов Муҳаммадсафар, саромӯзгори кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон, Алиева Бахтиниссо, саромӯзгори кафедра ва дигар устодону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Нахуст дарсро муаллима Ашурова Нодира оғоз намуданд. Ҳангоми рафти дарс, ки назариявӣ буд муаллима доир ба мухтассоти сабки ироқӣ сухан ронда қайд карданд, ки “Сабки ироқӣ сабки адабиест, ки охири асри XI ва ибтидои асри XII дар адабиёти форс-тоҷик ташаккул ёфтааст. Макони интишори сабки ироқӣ қисми Ғарби Эрон-Ироқи Аҷам буд, чунки пас аз ҳуҷуми муғулҳо (асри XIII) шоиру нависандагон аз Хуросон ба он ҷо ҳиҷрат намуданд. Шоироне, ки дар он макон маскун гардиданд ва ё зодаи ҳамин ноҳия буданд, шеъри форсӣ-тоҷикиро тадриҷан ба тариқи дигар ороиш доданд. Ин тағйирот бо номи мактаби ироқӣ ё сабки ироқӣ шуҳрат ёфт.”
Инчунин ҳангоми дарс муаллима ба донишҷӯён саволҳо дода, донишҷӯён ба суолҳои додаи муаллима посухҳои мушаххас гардониданд. Дар охир номзади илмҳои филологӣ Зулфиев Гадомад суханронӣ намуда, ба дарси муаллимаро хуб баҳогузорӣ намуданд.

Related Articles

Leave a Comment